Шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 11 ҳазор расид

Июнь 29, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 29.06.2025 /АМИТ «Ховар»/ – Дар давоми 34 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон, шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайваста афзоиш ёфта, айни замон қариб ба 11 ҳазор баробар гардидааст. Дар ин хусус 28 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилоят иброз доштанд.

Ин нишондиҳанда далели рушдёбии тадриҷии муҳити соҳибкориву сармоягузорӣ дар минтақа маҳсуб меёбад.

Бо вуҷуди ин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки барои беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он бояд дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбута ва бахши хусусӣ чораҳои иловагӣ андешанд. Аз ҷумла, зарур аст ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузорон дастгирӣ, ва барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шаванд.

Пешвои миллат дар идома илова намуданд, ки аз ҷониби низоми бонкии мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ ба соҳибкорон ва аҳолии вилоят беш аз 2,4 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки 2,2 миллиард сомонии он қарзҳои хурд мебошанд.

«Дар баробари ин, дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ қарздиҳӣ ба соҳаи кишоварзии вилоят 68 фоиз ва соҳибкории истеҳсолӣ 26 фоиз коҳиш ёфтааст, ки барои рушди ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ ва таҳкими фаъолияти истеҳсолӣ кофӣ нест», — изҳор намуданд Президенти мамлакат.

Дар робита ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон, «Амонатбонк», «Саноатсодиротбонк», бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ вазифадор карда шуданд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани хизматрасониҳои бонкӣ, дастрасии қарзҳо, ва пешниҳоди маблағгузории мақсаднок ба бахшҳои истеҳсолию соҳибкорӣ дар вилоят чораҳои иловагӣ андешанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июнь 29, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»