Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
ДУШАНБЕ, 30.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва афзоиши аҳолӣ мушкилоти ҷиддии таъмини обро барои сокинони шаҳри Анқара пеш овардааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба АЗЕРТАДЖ иттилоъ медиҳад, сатҳи об дар зиёда аз даҳ обанборе, ки пойтахти Туркияро бо об таъмин мекунанд, то 15 дарсад поён рафтааст. Сардори Раёсати идоракунии хоҷагии оби Анқара (ASKİ) Мемдух Аслан Акчай сокинони шаҳрро ба сарфаи ҷиддии об даъват намуд.
Сардори Раёсати идоракунии хоҷагии оби Анқара шарҳ дод, ки истифодаи об дар шаҳр имрӯз 325 миллион метри мукааб дар як сол ва ба ҳисоби миёна ба сари аҳолӣ 240 литр дар як рӯзро ташкил медиҳад.
«Бо захираҳои мавҷуда об ҳамагӣ барои 170-180 рӯз кофӣ хоҳад буд», -таъкид намуд ӯ.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон дар мавриди захираи обии Анқара пешгӯиҳои номатлубро баён мекунанд. Ба ақидаи онҳо, агар дар солҳои наздик сарчашмаҳои нави обрасонӣ пайдо нашаванд, бӯҳрони об дар Анқара ногузир хоҳад шуд.
«Захираҳои оби зеризаминие, ки дар баробари боришот обанборҳои пойтахтро пур менамоянд, тамом мешаванд. Хушкӣ ва афзоиши аҳолӣ нигарониҳои ҷиддиро ба бор овардааст. Ягона манбаи эҳтимолии оби тоза барои Анқара дарёи Гереде аст, ки ба Баҳри Сиёҳ мерезад», — мегӯянд коршиносон.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






