Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон — қаҳрамони ваҳдати тоҷикон» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 18.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Вахдати миллӣ дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон — қаҳрамони ваҳдати тоҷикон» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Зимни ҳамоиш изҳор гардид, ки 28 сол аст, ки сокинони мамлакат зери роҳбарии одилонаву оқилонаи фарзонафарзанди номбардори миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу ваҳдати комил, зери парчами парафшони Ватан, дар ҳимояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ кору зиндагӣ доранд.
«Сарвари давлати мо аз рӯзи аввали сари қудрат омаданашон барои ба даст овардани сулҳу оромӣ хизматҳои шоиставу беназир карда, садоқат ба миллат ва сулҳофарӣ аз сифатҳои асосии ин абармарди арсаи сиёсат маҳсуб мешаванд», — иброз доштанд иштирокдорони ҳамоиш.
Таъкид гардид, ки маҳз бо роҳнамоиву ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи тоҷикон бо дарёфти ҳадафи аслии таърихи миллат, яъне ваҳдати миллӣ расид. Дар ниҳоят сулҳу субот, ваҳдати сартосарии миллат ва Истиқлолияти давлатии тоҷикон мафҳумҳои барои ҳар фарди Тоҷикистон азизу арзишманд гардид.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






