Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд

Июнь 30, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 30.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Гармӣ на танҳо нороҳатӣ аст, ҳарорати баланд ба саломатӣ хатар дошта, боиси фавти одамон мегардад. Фаъолияти тандурустиро дар саросари ҷаҳон душвортар месозад. Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо як чорабиниро барои баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи хатарҳои марбут ба гармӣ ва қоидаҳои  оддии эҳтиёт, ки метавонанд дар моҳҳои тобистон ба ҳифзи саломатӣ мусоидат кунанд, оғоз намуд.

Директори минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо ҳанӯз соли 2023 бӯҳрони иқлимӣ ва шароити шадиди обу ҳаворо ҳолати фавқулодда эълон намуда буд.

Соли гузашта Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба  гармои шадид даъват намуда,  хостори таҳияи стратегияҳои устувор барои ҳифзи аҳолии осебпазир шуд.

Бадани инсон дорои қобилияти нигоҳдорӣ дар ҳудуди 37 дараҷа гармӣ мебошад. Ҳангоми баланд шудани ҳарорати берунӣ организм аз тариқи арақҷудокунӣ баданро хунук нигоҳ медорад. Аммо гарми дарозмуддат боиси бад шудани саломатӣ, паст шудани некӯаҳволии равонӣ ва дар ниҳоят ба мушкилоти ҷиддии саломатӣ оварда мерасонад.

Ҳарчанд ҳарорати  баланд метавонад ба ҳама таъсир расонад, таъсири он дар байни аҳолӣ фарқ мекунад. Одамони калонсол аз сабаби кам шудани қобилияти нигоҳдорӣ гармиро хуб таҳаммул намекунанд. Инчунин навзодон ва кӯдакони хурдсол, ҳолати нигоҳдории баданашон ҳанӯз ба қадри кофӣ инкишоф наёфтааст. Коргарон, аз қабили кормандони соҳаи кишоварзӣ, сохтмон ва хадамоти оташнишонон бо гармӣ ҳамчун хатари касбӣ рӯбарӯ мешаванд.

Инчунин гармӣ авҷгирии бемориҳои музминро зиёд мекунад. Одамони гирифтори бемориҳои дилу раг ва роҳи нафас, диабети қанд ва онҳое, ки баъзе доруҳоро истеъмол мекунанд, осебпазиранд. Занони ҳомиладор низ дар хатари зиёд қарор доранд — гармӣ метавонад боиси таваллуди бармаҳал ва кӯдакони камвазн гардад.

Дар посух ба ин таҳдид, маъракаи #KeepCool-и (#Сарро дар сардӣ нигоҳ доред)-и Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ маслиҳатҳои оддӣ ва амалӣ оид ба чӣ гуна дар ҳавои гарм эҳтиёт карданро пешниҳод мекунад. Таъсири гармӣ ба саломатӣ асосан тавассути таҷрибаҳои солимии ҷамъиятӣ ва чораҳои мавҷуда пешгирӣ карда мешавад:

— Аз гармӣ худдорӣ кунед. Дар гармтарин қисми рӯз аз берун рафтан ё машғул шудан бо кори ҷисмонӣ худдорӣ намоед. Агар шумо дар хатар бошед, аз имконот, аз қабили соатҳои хариди саҳар ва шом истифода баред. Дар соя бимонед, бачаҳо ва ҳайвонотро дар мошинҳои таваққуфкардашуда нагузоред. Агар имкон дошта бошад 2-3 соатро дар як ҳуҷраи хунук гузаронед.

Ҳавои хонаро салқин нигоҳ доред. Барои ҳавои хунук,  ҳавополонро шабона истифода баред. Дар давоми рӯз, пардаҳоро паст кунед ё пардаҳоро пӯшед ва асбобҳои барқиро хомӯш кунед, то гармии дохилӣ кам гардад.

Баданатонро сард ва намнок нигоҳ доред. Либоси сабук ва васеъ пӯшед, дар вақти хоб болопӯши сабук истифода намоед, обозӣ намуда ва мунтазам об нӯшед. Аз нӯшокиҳои ширин, спиртӣ ва кофеинӣ худдорӣ кунед.

Дар тамос бошед. Бо оила, дӯстон ва ҳамсоягон дар алоқаи доимӣ  бошед, хусусан агар онҳо танҳо зиндагӣ кунанд. Одамони осебпазир метавонанд дар рӯзҳои гарм ба кӯмак ниёз пайдо намоянд.

Инчунин чораҳои иловагӣ андешида шавад. Ташкилоти ҷаҳонӣ тавсия медиҳад, ки давлатҳо, минтақаҳо ва шаҳрҳо барои пешгирӣ ва коҳиш додани хатарҳои саломатӣ нақшаҳои амалиёти вобаста ба гармиро таҳия ва татбиқ кунанд.

Чунин нақшаҳо дар саросари ҷаҳон барои таҳдидҳои гармӣ мусоидат мекунад, ки беҳтар мубориза баранд. Онҳо вазифаҳои гуногунро муайян мекунанд, аз қабили системаҳои огоҳии бармаҳал, гурӯҳҳои осебпазир ва механизмҳои иртиботот ва вокунишҳоро месозанд. Дафтари минтақавии Ташкилоти ҷаҳони тандурустӣ дар Аврупо дастурҳоро оид ба таҳияи чунин нақшаҳо барои дастгирии давлатҳои аъзо навсозӣ мекунад.

Гармии тобистон дигар падидаи мавсимӣ нест — ин як масъалаи асосии саломатии аҳолӣ мебошад, ки бо тағирёбии иқлим шадидтар мешавад. Дар доираи маъракаи #Сари худро дар сарди нигоҳ доред, Дафтари минтақавии Ташкилоти ҷаҳони тандурустӣ дар Аврупо ба мо хотиррасон мекунад, ки танҳо амали фаъоли инфиродӣ ва дастаҷамъӣ метавонад ба ҳифзи саломатӣ дар шароити гармшавии глобалӣ мусоидат кунад. Бо дарки хатарҳо, тағйир додани рафтори худ ва ғамхорӣ нисбат ба  ҳамдигар, мо метавонем солим бошем ва тобистонро ба ҷои хатар ба вақти шодӣ табдил диҳем.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 30, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд