Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти сармоягузорӣ густариш медиҳанд

Июнь 11, 2025 11:36

ДУШАНБЕ, 11.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 июни соли равон дар доираи Форуми IV байналмилалии сармоягузории Тошканд,  вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Вазири давлатии савдои хориҷии Қатар Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Сайид баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи густариши ҳамкории дуҷониба дар самти сармоягузорӣ ба энергияи «сабз»-ро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод хабар медиҳад.

Завқӣ Завқизода бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва пайгирии супоришҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати татбиқи 14 лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ ва 3 лоиҳаҳои афзалиятноки хайриявӣ, бахусус сохтмони беморхонаи сироятӣ ва муассисаи ёрии таъҷилии тиббӣ дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона даъват намуд.

Вобаста ба ин,  ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок, густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сармоягузорӣ, энергияи «сабз» ва барқароршаванда, саноати коркард, бахусус коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва маъдан, сайёҳӣ ва логистика ба мувофиқа расиданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд изҳор намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 11, 2025 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»