Вазорати мудофиа: «Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон чорабиниҳои пешаздаъватӣ доир карда мешаванд»
ДУШАНБЕ, 09.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади роҳ надодан ба камбудиҳо, сифатан хуб ба роҳ мондани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои пешаздаъватӣ оид ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон гузаронида шаванд. Комиссияҳои даъватӣ корро дар ин самт босамар ташкил намуда, меъёрҳои қонунҳои амалкунандаи соҳаро риоя намоянд. Дар ин хусус зимни ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат натиҷаи фаъолияти комиссариатҳои ҳарбӣ дар маъракаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2025 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласа ҳайати роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа, навъҳои қӯшуни Артиши миллӣ, комиссарони ҳарбии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, масъулини қисму воҳидҳои ҳарбӣ ва дигар сохторҳои зертобеи ин ниҳоди қудратии мамлакат иштирок доштанд.
Масъулини Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсатҳои дахлдори он сараввал даъвати баҳории соли 2025 –ро таҳлилу натиҷагирӣ намуда, пеш аз муҳлат иҷро гардидани нақшаи даъват дар қаламрави ҷумҳуриро аз дарки баланди масъулият ва иҷрои вазифаҳои муҳими шаҳрвандӣ арзёбӣ карданд.
Зимни баррасии масъалаҳо, доир ба ташкили ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ бо ҷалби шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта таъкид гардид, ки ҳангоми баргузории ин қабил ҷамъомаду машғулиятҳои таълимӣ ба масоили муайян намудани шумораи мушаххасси захираҳои сафарбарӣ, қувва ва воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани масъулият ва вазифаву уҳдадориҳои иштирокчиён дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
Дар ҷамъомад вазъи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ ва пешгирии ҳолатҳои рух додани ҷинояткорӣ, кирдорҳои коррупсионӣ ва дигар рафторҳои ғайриоинномавӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид карда шуд.
Вазири мудофиаи мамлакат Эмомалӣ Собирзода бо таҳлили вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон, инчунин авҷ гирифтани ихтилофу зиддиятҳо дар як қатор кишварҳои алоҳида таъкид кард, ки моро зарур аст аз ҳарвақта бештар ҳушёру зирак бошем, тамоми вазифаву уҳдадориҳои дар самти таъмини мудофиаи давлат ва амнияти мардум бар уҳдадоштаро бо масъулиятияти баланд иҷро намоем.
Ҳамзамон, ба масъулини ҷузъу томҳо дастур дода шуд, ки дар фаъолияти ҳамарӯза ба сатҳи касбият, донишу таҷрибаи ҳайати шахсӣ, омодабошии доимии ҷангӣ ва сатҳи баланди таъминоту хизматрасонӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолият аҳамияти аввалиндараҷа равона карда шавад.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд






