137 акси аксбардори маъруфи тоҷик Заур Дахте ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд
ДУШАНБЕ, 09.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз ҷониби пайвандони аксбардори шинохтаи тоҷик Заур Дахте бо мақсади ҳифзи доимӣ 137 акс, ки инъикосгари табиати нотакрор ва дастовардҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошанд, ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикитсон супорида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Заур Дахте (1936-2024) яке аз аксбардорон ва наворбардорони маъруф, Ходими хизматнишондодаи фарҳанги Тоҷикистон, академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи байналмилалии таълими бунёдӣ ва Лауреати кинофестивалҳои байналмилалӣ буданд.
Дар аксҳои Заур Дахте дар баробари инъикоси манзараҳои зебои табиати Тоҷикистон, инчунин соҳаҳои муҳими ҳаёт, равнади рушду пешрафти мамлакат инъикос ёфтаанд. Ҳамзамон, дар аксҳо ҷараёни барномаҳои фарҳангӣ, олами кӯдакон ва дигар лаҳзаҳои ҷолиби ҳаёти тоҷикон муаррифӣ шудааст.
Аксҳои ба Осорхонаи миллӣ эҳдошуда аҳамияти таърихӣ ва тарбиявӣ дошта, аз дастовардҳои эҷодии муаллиф ва иқболи баланди миллати тоҷик дар даврони Истиқлоли давлатӣ ҳикоят мекунанд.
Тавре масъулин иброз доштанд, пешниҳоди аксҳои гирифтаи Заур Дахте барои ҳифз ва муаррифӣ ба Осорхонаи миллӣ вобаста ба аҳамияти фарҳангӣ ва осорхонавӣ доштанашон, хеле ба маврид мебошад. Чунки дар Осорхонаи миллӣ барои ҳифзи ашёи таърихию фарҳангӣ шароит муҳайё буда, реҷаи ҳарорат – рутубатӣ, реҷаи рушноӣ, тартиби дурусти ҳифзи ашё риоя карда мешавад, ки ин албатта ашёро аз вайроншавӣ нигоҳ медорад.
Ҷамъоварӣ, ҳифзу нигаҳдории дуруст ва пешкаши ҳамагон намудани мероси воло вазифаи муққадаси осорхонаҳо мебошад. Ин рисолати муққадас, пеш аз ҳама барои худшиносии миллӣ, тарбияи насли наврас ва тарғиби фарҳангӣ миллӣ муҳим мебошад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






