35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 01.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен 635 иншоот сохта ба истифода дода мешавад. То имрӯз 543 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Барои ободии макони зист бо ташаббуси сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоев беш аз 1 километр роҳҳои байни маҳалла мумфарш мегарданд. Ҳамчунин дар ин ҷамоат бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ як бинои чорошёнаи муосир сохта мешавад, ки ду ошёнаи он барои кӯдакистон ва ду ошёнаи дигар барои мактаб пешбинӣ шудааст. Дар кӯдакистон 150 нафар ва дар мактаб 336 нафар кӯдакону наврасон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Спитамен 38 мактаб ва 12 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд. Афзоиши шумораи аҳолӣ талаб мекунад, ки ба сохтмони муассисаҳои таълимӣ диққати бештар равона гардад. Аз ҷумла, бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 барои 1240 хонанда дар ду баст бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру навсозӣ шуда истодааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд






