35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бохтар барои олимони соҳаи амнияти биологӣ ва радиатсионӣ бинои нав сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 29.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»эълон гардидани солҳои 2020-2040 дар филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Хатлон корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд, сохтмони ин бино моҳи феврали соли 2025 оғоз гардида, имрӯзҳо марҳилаи аввали он идома дорад. Бинои филиал сеошёна буда, дар паҳлуҳои он бинои дигари ёрирасон, иборат аз ду ошёна бо ҳуҷраҳои корӣ сохта хоҳад шуд. Сохтмончиён барои сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳо дар иншооти дорои аҳамияти муҳими илмӣ тадбирҳои муҳим меандешанд.
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади таҳкими фаъолият ва пешрафт дар самти корҳои илмӣ, муҳайё намудани шароити муосиди корӣ барои олимону кормандон, мавҷуд будани инфрасохтори зарурӣ дар ҳамаи сохторҳои зертобеи агентӣ бунёдкорию созандагиро дар амал татбиқ менамояд.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон









«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






