Ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 31.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 29 июл дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай зери раёсати Федератсияи умумичинии ҷавонони Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи XVIII Шурои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҷаласа ҳайатҳои ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд. Зимни ҷаласа роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои ин созмон маъруза ва вобаста ба таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон, густариши муколама ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак табодули афкор намуданд. Ҳамзамон оид ба масоили мубрами ҷавонон, аз ҷумла рушди соҳибкорӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ, мубориза бо таҳдидҳои глобалӣ ва нақши ҷавонон дар таъмини амнияту устувории кишварҳои минтақа сухан гуфта шуд.
Ҳайати ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласаи бошукуҳи сатҳи байналмилалӣ бо роҳбарии муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода иштирок намуд.
Сураҷ Чоршанбезода доир ба нақш ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими равобити дӯстии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ибрози назар намуда, баён дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли Созмони ҳамкории Шанхай давоми сол бо ҷалби бештари ҷавонони кишварҳои аъзои ин созмон фестивалу конфронс ва форуму нишастҳои сатҳи байналмилалиро бо мақсади муттаҳидсозии ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, табодули фарҳангӣ, мубодилаи таҷриба, фароҳам овардани имконияти муколамаи мустақим ва таҳкими робитаҳои мутақобили судманди дӯстӣ байни ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир намуд. Ин раванд ба таҳкими равобити ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон саҳми муассир гузошт.
Зимни ҷаласа муовини Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Батир Турсунов — таъкид намуд, ки Шурои ҷавонон минбари калидӣ барои татбиқи қарорҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар соҳаи кор бо ҷавонон аст. Дар робита ба ин, боз ҳам фаъол гардонидани кори ин сохтор, ки ба муттаҳидсозии ҷавонони кишварҳои аъзо дар асоси принсипҳои асосии Созмони ҳамкории Шанхай нигаронида шудааст, қадами устувор дар роҳи таҳкими дӯстӣ, эътимод ва ҳамбастагии ҷавонон дар фазои ягонаи ин созмон арзёбӣ мегардад.
Баъди анҷоми ҷаласа раёсати Шурои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Қирғизистон гузашт.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд






