Аз ҳудуди Хуттали Қадим теъдоди зиёди мероси нумезматикии мансуб ба давраи Ҳахоманишиҳою Сосониён дарёфт гардид

Июль 23, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 23.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми бақайдгирии ёдгориҳои таърихиву фарҳангии мероси ғайриманқул аз ҷониби кормандони Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Хуттали Қадим теъдоди зиёди мероси нумезматикии мансуб ба давраи Ҳахоманишиҳо, Сосониён ва дигар давраҳои таърихӣ дарёфт гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.

Тавре директори агентӣ Шералӣ Хоҷазода иброз намуд, дар ҳудуди Хуттали Қадим сиккаҳо, ҷузъиёти ороишии занона, ки ба давраи Ҳахоманишиҳо рост меояд, дарёфт гардид. Дар айни замон аз ҷониби мутахассисони агентӣ барои омӯзиш, таҳқиқ ва ба тартиби муайян ворид намудани онҳо фаъолият пеш бурда мешавад.

«Муҳимияти бозёфт аз он иборат аст, ки дар ҳайати он теъдоди сиккаҳо, яъне мероси пули миллати куҳанбунёди тоҷик дар шакли зиёд, яъне зиёда аз 1000 сикка дарёфт шудааст, ки онҳо баъд аз таҳлилу омӯзиш феҳрист карда мешаванд», — иброз намуд Шералӣ Хоҷазода.

Ба иттилои директори агентӣ, қадимтарин сиккаҳои ёфтшуда ба давраи Сосониён мансуб буда, муаррифи таъриху фарҳанги миллати тоҷик мебошанд.

Яке аз бозёфтҳои нодир расми шоҳ дар тахтачаи биринҷӣ мебошад, ки дар он ҳаккокӣ шудааст. Ин бозёфт ба давраи Ҳахоманишиниҳо тааллуқ дошта, баъди таҳқиқ расми кадом шоҳ будани он муайян карда мешавад.

Ин хушхабар дар ҳоле аст, ки чанде қабл ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардиданд. «Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ҳазорсолаҳо ёдгориҳои таърихии мамлакат имрӯз аз нав эҳё мегарданд. Маҳз ба хотири бузургдошт, аҷргузорӣ ба таъриху фарҳанг ва маданияти қадими шаҳрсозии ниёгон ва эҳёи ҳисси баланди миллӣ- ватандорӣ нақшаю барномаҳои зиёде тарҳрезӣ мегарданд», -афзуд Шералӣ Хоҷазода.


Ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки санъати ҳунармандии Хуттали Қадим ҷузъи бевоситаи фарҳанги халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, ин бозёфтҳо далели он ҳастанд, ки ҳунари заргарӣ дар ин минтақа аз қадим хеле тараққӣ намуда будааст.

Ин бозёфтҳо нишони онанд, ки миллати тоҷик аз қадим дорои таърих, фарҳанг ва шаклҳои гуногуни ҳунармандӣ будааст.

Бояд иброз намуд, ки эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон мавқеи муҳим дорад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 23, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид