Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 29 919 иншоот бунёд карда мешавад

Июль 26, 2025 14:50

ДУШАНБЕ, 26.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ дар маҷмуъ сохтмони 29 919 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар айни замон 23 228 инишоот ба истифода супорида шуда, дар 4594 иншоот корҳо идома доранд. Дар ин хусус Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода 25 июл ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Тавре Низом Мирзозода изҳор намуд, кумита барои бо сатҳу сифати баланд бунёд гардидани бинову иншоот ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сари вақт бо ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ таъмин намудани муроҷиаткунандагон ва аз экпертизаи давлатӣ гузаронидани лоиҳаҳои иншоот, инчунин дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон пайваста тадбир меандешад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 10 697 хонанда, дармонгоҳ барои 368 ҷойи қабул дар як баст ва муассисаҳои томактабӣ барои 510 ҷой ба истифода дода шуданд.

Ҳамзамон иброз гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ шумораи лоиҳаҳои сохтмоние, ки барои гузаронидани ташхиси давлатӣ ба Раёсати экпертизаи давлатӣ пешниҳод шуданд, 332 ададро ташкил дод. Аз ин шумора 217 адади он хулосаи мусбат гирифта, 8 адади дигар хулосаи манфӣ гирифт ва 2 лоиҳаи дигар аз эътибор соқит дониста шуд.

Кумита бо мақсади таъмини ҳолати ба зилзила тобовар будани биною иншоот, санҷиши мехсутуну асосҳои бино ва иншоот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ озмоишгоҳи махсусгардонидаю муҷаҳҳаз  бо таҷҳизоти муосири замонавии истеҳсоли Федератсияи Русияро таъсис додааст. Санҷиши мехсутунҳо дар майдони сохтмонӣ тибқи талабот, тартиб ва меъёру қоидаҳои сохтмонӣ амалӣ карда мешавад.

Мақсади асосии санҷиш муайян намудани қобилияти борбардории мехсутунҳо мебошад, ки баъди санҷиш бо натиҷаи ҳисоби конструктивӣ муқоиса карда мешаванд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 26, 2025 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд