Байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Муғулистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 24.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Муғулистон ба имзо расид.
Тавре сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ ба АМИТ «Ховар» шарҳ дод, ҳадафи имзои Ёддошти мазкур таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкории ду давлат мебошад.
Ёддошти тафоҳум фарогири муқаррароти марбут ба рушди машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалию минтақавӣ, мубодилаи таҷриба ва иттилоот дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ ва гузаронидани барномаҳои муштарак дар соҳаҳои мухталиф мебошад.
Ин санад заминаи ҳуқуқиро барои ташкили муколамаи мунтазам ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои гуногун фароҳам оварда, ба тақвияти равобити дуҷониба байни Тоҷикистону Муғулистон мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух то 26 июл дар Тоҷикистон идома ёфта, дар доираи он баргузории чорабиниҳои дигари муҳим, аз ҷумла ҳамоиши тиҷоратию сармоягузорӣ ва Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон дар Тоҷикистон дар назар аст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид






