Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд

Июль 6, 2025 15:40

ДУШАНБЕ, 06.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ, иҷрои барномаҳои дар ин самт қабулгардида, дастуру супоришҳои қаблӣ дар самти зиёд кардани оилаҳои занбӯри асал ва содироти ин маҳсулот тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Чунин дастуру супориш доданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки 17 майи соли равон дар ноҳияи Данғара баргузор шуд.

Дар семинар-машварати ҷумҳуриявӣ Вазорати кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Корхонаи воҳиди давлатии занбӯриасалпарварии «Асали Тоҷикистон», Агентии содирот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баҳри иҷрои ин дастуру супориш муваззаф гардиданд.

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ корҳои зиёди назаррас анҷом дода шуданд. Дар ин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» ва дар асоси он якчанд қарорҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул гардиданд, ки фаъолияти соҳаро ба танзим дароварда, ба ҳалли саривақтии масъалаҳои мавҷудаи он мусоидат менамоянд. Ҳамзамон бо ин, чор барномаи давлатии рушди соҳа қабул гардид, ки ба пешрафти занбӯриасалпарварӣ дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат такони ҷиддӣ бахшид.

Ёдовар мешавем, ки 20 июни соли 2023 зимни суханронӣ дар семинар-машварати занбӯриасалпарварӣ дар ноҳияи Ховалинг Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки бо дарназардошти шароиту имконияти Тоҷикистон ин нишондиҳандаҳо қонеъкунанда нестанд.

Вобаста ба ин, Вазорати кишоварзӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки иҷрои саривақтӣ ва пурраи чорабиниҳои барномаи соҳавии қабулгардида барои солҳои 2023 – 2027-ро таъмин намуда, бо дарназардошти имкониятҳои фаровони рушди соҳа ҷиҳати ба таври назаррас афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли асал тадбирҳои иловагиро амалӣ намояд.

Ҳамчунин, ба Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки барои ҷудо намудани қитъаи замин ҷиҳати ташкили хоҷагиҳои зотпарварӣ ва ноҳиябандии навъҳои занбӯри асал чораҳои амалӣ андешанд.

Сарвари давлат дар ин семинар — машварат таъкид намуданд, ки заминаи мусоиди фароҳамоварда имкон медиҳад, ки дар Тоҷикистон миқдори оилаҳои занбӯри асал ба 600 ҳазор ва истеҳсоли асал то 14 ҳазор тонна дар як сол расонида шавад.

Президенти мамлакат хотиррасон намуданд, ки имконияти истифоданашуда ҳанӯз ҳам бисёранд ва дастур доданд, ки рушди соҳа бо тамоми ҷидду ҷаҳд идома дода шавад ва солона то 14 ҳазор тонна асал ҷамъоварӣ шавад: «Ҳамчунин маҳсулоти дигари соҳа, аз ҷумла мум, гарди гул, шири модарзанбӯр, ширеш ва заҳри занбӯр, ки дар саноати дорусозӣ ва тибби муосир васеъ истифода мегардад, истеҳсол ва маҳсулоти соҳа ба хориҷи мамлакат содирот шавад».

Мавриди тазаккур аст, ки асали Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои зиёди байналмилалӣ бо назардошти сифати баланд, таъми хуш ва аз лиҳози экологӣ тоза буданаш сазовори ҷоизаҳо гардидааст.

Асали Тоҷикистон соли 2014 дар Конгресси чоруми байналмилалӣ оид ба занбӯриасалпарварӣ ва намоиши асали кӯҳӣ дар Туркия соҳиби ҷоизаи биринҷӣ, соли 2015 дар намоишгоҳи «Продэкспо – 2015»-и Федератсияи Русия соҳиби медали тилло, соли 2018 дар Иди байналмилалии занбӯриасалпарварон дар шаҳри Истанбули Туркия (намунаи асали ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг, Сангвор ва Шаҳристон) соҳиби ҷоизаи ифтихорӣ ва соли 2019 дар намоишгоҳи байналмилалии «Асал ва маҳсулоти он» дар шаҳри Давҳаи Қатар (асали Ховалинг) соҳиби ҷоизаи ифтихорӣ гардидааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 6, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қирғизистон тасмим гирифтанд, ки ҳаҷми савдоро то ба 500 миллион доллар расонанд
Пагоҳ дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ оғоз меёбад
Дар 5 моҳи соли 2025 гардиши савдои мутақобила байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 6,1 миллион долларро ташкил дод
Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ месозад
НАЗАРИ КОРШИНОС. Дар муқоиса ба соли 1991 истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон 4,7 баробар зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад