Бо иштироки ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҷамъомадӣ таълимӣ-методӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 21.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18–19 июл бо ҷалби ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва фармондеҳони навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади таълимӣ-методӣ доир гардид. Омодагӣ ба марҳилаҳои ташкилу баргузории ҷамъомад бо сафороиву вазифагузории иштирокчиёни он дар пойгоҳи қисми ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат оғоз ёфт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд, дар доираи машғулияти назариявии рӯзи аввали ҷамъомад ҳайати шахсӣ дар толори асосии вазорат ба омӯзиши мавзуъҳои мубраму зарурӣ, аз қабили истифодаи ҷузъу томҳои қӯшунҳои ракетӣ-артиллерӣ, ташкили таъминоти муҳандисӣ ва ташкили фаъолият оид ба нигоҳ доштани ҳолати руҳӣ-равонии хизматчиёни ҳарбӣ фаро гирифта шуданд.
Иброз гардид, ки ин гуна машқу тамринҳо дар ҷузъу томи Артиши миллӣ бо иштироки хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногун бо истифода аз силоҳҳои оташфишони сабуки ҷангӣ, мошинҳои махсуси низомӣ ва техникаҳои вазнину зиреҳпӯши ҳарбӣ пайваста гузаронида мешаванд, то ки афсарону сарбозон барои иҷрои саривақтии вазифаҳои пурмасъули низомии хеш ҳамеша дар сатҳи баланди омодабош қарор дошта бошанд.
Маҳз бо ҳамин мақсад ҳайати шахсии навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳ низ вобаста ба ҳадафу таъйиноти вазифавӣ чунин машғулияти амалии таълимиро дар пойгоҳи қисму воҳидҳои низомӣ ва машқгоҳҳои ҳарбии ҳудуди гарнизонҳои ҷумҳурӣ мунтазам доир менамояд.
Машқҳои тактикӣ яке аз унсурҳои асосии баланд бардоштани омодагии ҷангии афсарону сарбозон ба шумор меравад. Зимни ҷамъбасту натиҷагирии машқҳои намоишӣ ва марҳилаҳои амалию тактикии ҷамъомади навбатӣ дар қароргоҳи яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар гарнизони Хатлон иброз карда шуд, ки омодабошии доимии ҷангӣ ва дар ин замина мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат фаъолияти ҳамешагии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳисоб меравад. Барои ҳимояи Ватан дар баробари ҳар афсару сарбоз, инчунин шаҳрвандони комилҳуқуқи мамлакатро низ зарур аст ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд.
АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд






