Дӯстӣ пойдор бошад, комёбиҳо бештар мегарданд. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии дӯстӣ

Июль 30, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 30.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббус ва ибтикори наҷибонаи роҳбарони ду давлат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров як гурӯҳ рӯзноманигорон аз расонаҳои гуногуни хабарии Тоҷикистон аз 24 то 28 июл ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуданд.

Бо вуҷуди он, ки нимашаб ба ин давлати ҳамсоя расидем, дар фурудгоҳи байналмилалии “Манас”-и шаҳри Бишкек моро ҳайати бонуфуз аз идораҳои дахлдор ва рӯзноманигорон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ду ҷониб бо чеҳраҳои хандон ва муҳаббату дӯстии самимӣ дар дил ба ҳам омаданд. Бо ҳамин сафари омӯзишию сайру саёҳат ба минтақаҳои зебои Қирғизистон ва мубодилаи афкору андеша байни рӯзноманигорони тоҷику қирғиз шуруъ шуд.

Тибқи муқаррарот ва барномаи махсусе, ки барои анҷоми ин сафар пешбинӣ шуда буд, мо нахуст Боғи миллии “Ала-арча”-ро, ки дар баландии 2200 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад, тамошо намудем. Ин боғи миллӣ, ки аввалин чунин боғ дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба шумор меравад, соли 1976 таъсис дода шудааст. Дар ҳудуди боғ ба ғайр аз ҳайвоноту парандаҳои мавсимию доимӣ ҳамчунин қариб 800 намуди рустаниҳо ба қайд гирифта шудааст, ки ба зебоии ин муҳит таъсири мусбат мерасонанд. Дар баробари сайёҳони дохилӣ аз хориҷи мамлакат низ шумораи зиёди сайёҳон ба ин минтақа ба тамошо меоянд.

Дар рӯзи аввали сафар дар Ҷумҳурии Қирғизистон баъд аз Боғи миллии “Ала -арча” мо имкон пайдо кардем, ки бо фаъолияти ду расонаи иттилоотӣ- Агентии миллии иттилоотии Қирғизистон “Кабар” ва шабакаи телевизионии “АЛА — ТОО 24” шинос шавем. Агентии “Кабар” муҳимтарин агентии давлатӣ дар Қирғизистон аст, ки бо шаш забон: қирғизӣ, русӣ, англисӣ, туркӣ, арабӣ ва чинӣ хабар пешниҳод мекунад.

Муовини директори ин расонаи хабарӣ Холида Эргашева дар хусуси фаъолияти кунунии ин агентӣ, муҳимияти иттилоот дар замони имрӯз, тарзи пешниҳод ва баррасии масъалаҳо дар самти пешниҳоди хабару мақолаҳо, истифодаи технологияи муосир дар агентӣ ва дастовардҳои муҳими соҳа ибрози назар намуда, таҳкими ҳамкориро байни ВАО-и ду давлати ҳамсоя ба манфиати ҷонибҳо арзиёбӣ намуд. Рӯзноманигорони тоҷик низ дар ин замина пешниҳод ва назари худро дар хусуси пур кардани фазои иттилоотӣ ва баррасии муҳимтарин масъалаҳое, ки ба фаъолияти рӯзноманигорон дахл доранд, баён намуданд.

Телевизиони иттилоотии “АЛА-ТОО 24” соли 2016 таъсис ёфта, хабарҳо ва дигар барномаҳои дорои ҷанбаи иттилоотиро бо забонҳои қирғизӣ ва русӣ пешниҳод менамояд. Дар ҷараёни суҳбат бо масъулин ва хабарнигорони ин расонаи иттилоотӣ ва боздид аз студияҳои пахши барномаҳои хабарӣ маълум гардид, ки рӯзноманигорони қирғиз низ талош бар он доранд, ки дар замоне, ки технологияи муосир ва сомонаҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа мавқеи назаррас доранд, аз ин воситаҳо самаранок истифода баранд ва доираи бинандаҳои худро дар дохил ва хориҷи мамлакат боз ҳам бештар намоянд.

Дар идомаи сафар ба Ҷумҳурии Қирғизистон рӯзноманигорони тоҷик ҳамчунин мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва истироҳатию солимгардониро тамошо намуда, дар дараи “Қирчин” шоҳиди баргузории мусобиқаҳои гуногуни миллии мардуми қирғиз гардиданд. Ин ҷой барои баргузории чунин мусобиқаҳо макони муносиб буда, инфрасохтори зарурӣ дар он муҳайё карда шудааст.

Тибқи иттилои директори маҷмааи этнографии “Кучмин –Ордо” Улуғбек Белеков, дар ин мавзеъ дар баробари тамрин ба намудҳои гуногуни варзиши миллӣ, аз қабили аспдавонӣ, найзапартоӣ, шикор тавассути уқоб ва ғайра 3 маротиба бозиҳои умумиҷаҳонии кӯчиён низ баргузор шудаанд. Ба ин мавзеъ дар ҳамаи мавсим сайёҳони дохилию хориҷӣ омада, дар баробари анҷомёбии барномаҳои рангини фарҳангию варзишии этнографӣ ҳамчунин дар хонаҳои қадимии мардуми қирғиз (юртаҳо) оилавӣ шаб меистанд ва ба фарзандони худ дар бораи таъриху фарҳанги гузаштагон қисса мекунанд.

Макони дигари таърихию фарҳангӣ, ки ба номи Нависандаи халқии Қирғизистон Чингиз Айтматов гузошта шудааст, ин Маркази фарҳангии “Рух Ордо” мебошад. Дар баробари фарогирии маълумоти муҳими таърихии давраҳои гуногуни миллати қирғиз ва фарзандони фарзонаи ин миллат, ки ба хотири пешрафту шукуфоии он талош намудаанд, як гӯшаи ин маркази фарҳангӣ, ки дар фазои боз ташкил карда шудааст, ба фаъолияти сермаҳсул ва асарҳои мондагори Нависандаи халқии Қирғизистон Чингиз Айтматов бахшида шудааст. Барои бештар шинос шудани сайёҳон бо асарҳои мондагори ин адиби ҷаҳонӣ қаҳрамонҳои асар дар шаклҳои гуногун муҷассамасозӣ гардидаанд. Дар ин макони таърихию фарҳангӣ, ки дар як паҳлуи марвориди Осиёи Марказӣ- Иссиқкӯли овозадор ҷой гирифтааст, чорабиниҳои зиёди адабию фарҳангӣ баргузор мегарданд ва ба хотири ҷалби бештари сайёҳон экскурсияҳои омӯзишию иттилоотӣ амалӣ карда мешаванд.

Яке аз мавзеъҳои зебои на танҳо ҳудуди Қирғизистон, балки Осиёи Марказӣ ин Иссиқкӯл мебошад. Рӯзноманигорони тоҷик имкон пайдо намуданд, ки бо истифода аз сафинаи замонавӣ дар обҳои пурмавҷи Иссиқкӯл сайру саёҳат намуда, ин муъҷизаи табиати афсункорро аз наздик бубинанд.

Дар маҷмуъ ин сафар, ки ба хотири таҳкими робитаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, аз ҷумла рӯзноманигорони ин ду давлат амалӣ гардид, бори дигар аз он дарак медиҳад, ки дар ҳама давру замон танҳо дӯстию ҳамдилӣ ва рафоқату пайванд миллатҳоро ба ҳам меоранд ва дастоварду комёбиҳоро бештар месозанд. Рӯзноманигорони тоҷик бо як ҷаҳон таассурот ва хотираҳои нек ба Ватан баргаштанд. Итминони комил дорем, ки дӯстию ҳамкорӣ байни давлатҳои мо боз ҳам густаришу таҳким меёбад.

P.S. Ногуфта намонад, ки бардоштҳои худро дар хусуси дӯстии миллати тоҷику қирғиз ва сафари рӯзноманигорон ба Қирғизистон, ки он ҳам дар пояи дӯстию рафоқат баргузор гардид, дар рӯзе навиштам, ки ҳамчун Рӯзи байналмилалии дӯстӣ муқаррар шудааст. Ин ҳам шояд хосияти худро дошта бошад. Пас, поянда бод дӯстию ҳамдилии ду миллату ду давлати ҳамсоя!

Саидҷаъфар АШУРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Душанбе – Бишкек – Душанбе

 

Июль 30, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ихтисоси «Омӯзгорони томактабӣ» таъсис медиҳад
Китоби «Фурӯғи худшиносии миллӣ» ба нашр расид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар намоиши байналмилалии осорхонавӣ дар Чин ба тамошо гузошта мешаванд
«ТОҶИ СОМОН». Дар ин синамоҷашнвораи байналмилалӣ синамогарон аз 20 давлат иштирок менамоянд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Банаворгирии филми таърихии муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» моҳи август оғоз мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кумитаи забон ва истилоҳот зиёда аз 10 ҳазор истилоҳро баррасӣ ва мувофиқа намуд
Байни осорхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Муғулистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон дар Тоҷикистон баргузор шуд
Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таърихи миллати тоҷик шинос шуд
Аз ҳудуди Хуттали Қадим теъдоди зиёди мероси нумезматикии мансуб ба давраи Ҳахоманишиҳою Сосониён дарёфт гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон 10 ёдгории таърихию фарҳангӣ бозёфт гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар телевизионҳои Чин 6 филми мустанади Тоҷикистон намоиш дода мешавад