Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид

Июль 10, 2025 16:20

ДУШАНБЕ,10.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар иртибот ба анҷом расидани ваколати мудири пешин ва таъини мудири нави Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (SECO) бо ҳайати ин ниҳод мулоқот намуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Фирдавс Толибзода ба хонум Саломе Штайб барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Конфендератсияи Швейтсария арзи сипос намуда, кӯшиши ӯро дар рушди устувори мамлакат, ҳамкории самарабахш бо бахши молиявӣ, бахусус бо Бонки миллии Тоҷикистон дар самти таҳкими иқтидори низоми бонкӣ, мусоидат ба шаффофият ва дастгирии ислоҳот махсус таъкид намуд.

Инчунин Фирдавс Толибзода хонум Денис Люсиро ба муносибати таъин гардидан ба ин вазифаи масъулиятнок табрик карда, изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо SECO минбаъд низ аз рӯи принсипҳои эҳтироми ҳамдигар, эътимод ва муколамаи созанда рушд хоҳад кард.

Иброз гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои татбиқи ташаббусҳои нав, ки ба рушди устувори иқтисодии кишвар, хусусан ислоҳоти бахши бонкӣ нигаронида шудаанд, ба муколама бо шарикони байналмиллалии рушд омода буда, дар ин самт ба дастгирии SECO ҳамчун яке аз муассисаҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ умед мебандад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба тақвияти ҳамкории тарафайн бо истифодаи самараноки зарфиятҳои мавҷудбуда ва самтҳои гуногуни ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Июль 10, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд