Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ҳамчун «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» эътироф гардид

Июль 9, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 09.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дараи Алмосии шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид расман ҳамчун «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» эътироф гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои  манбаъ, 7 — 8 июл дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия ҷаласаи гурӯҳи илмиву машваратии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур ба Дараи Алмосии шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид  мақоми  «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» дода шуд, ки  дар Осиёи Марказӣ ягона мебошад.

Ба низоми мероси кишоварзии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мавзеъҳое дохил мегарданд, ки  онҳо аз ҷиҳати кишоварзӣ, гуногунии биологӣ ва фарҳангӣ  аз дигар мавзеъҳо фарқ мекунанд.

Директори Раёсати масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, гуногунии биологӣ ва муҳити зист дар Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) Каве Заҳедӣ дар ҷаласа чунин иброз намуд: «дар ҳоле ки мо бо буҳрони иқлимӣ ва талафоти гуногунии биологӣ муқовимат менамоем, баланд бардоштани устуворӣ ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологӣ ва тарғиби намудани агроозуқаворӣ  ҷиҳати ҳалли ин мушкилот аҳамияти бештар пайдо мекунад».

То  имрӯз дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Миёна танҳо 12 иншоот дар 5 кишвар —  Андорра, Австрия, Италия, Испания ва Португалия эътироф шуда буданд. Акнун дараи Алмосии Тоҷикистон низ ба ин рӯйхат шомил шуд, ки  купрӯк байни мероси ғании табиӣ ва фарҳангии Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ мегардад.

Дараи Алмосӣ, ки дар минтақаи кӯҳии шаҳри Ҳисор ҷойгир аст, як низоми кишоварзии нодирро ташкил медиҳад, ки дар он чорводорӣ ва парвариши зироати кишоварзӣ якҷоя амал мекунанд. Дар ин ҷо навъҳои маҳаллии гандум, ҷав, сабзавот ва ангур, бахусус тойифии гулобӣ парвариш меёбанд, ки аз он шарбату мавиз ва нӯшокиву шароб истеҳсол мекунанд. Ҳамчунин дар минтақа гӯсфандони ҳисорӣ, ки ба шароити сахти иқлим мутобиқанд, парваришу нигоҳубин мешаванд.

Дараи Алмосӣ  ба яке аз манотиқи ҷолиби табиӣ ва гиёҳшиносии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Бо зебоии нотакрор ва захираҳои шифобахш ин минтақа таваҷҷуҳи мутахассисон, табибон ва сайёҳонро низ ба худ ҷалб намудааст.

Бино ба иттилои Маркази таҳқиқоти гиёҳшиносӣ, дар ин дара зиёда аз 20 навъи гиёҳҳои шифобахш, аз ҷумла кокути кӯҳӣ, насрин, пудина ва мастакӣ мерӯянд, ки барои табобати бемориҳои гуногун истифода мешаванд.

Тибқи маълумоти мақомоти маҳаллӣ, солҳои охир барои беҳтар намудани инфрасохтори роҳҳо ва дастрасӣ ба деҳаҳо як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, роҳҳои байниноҳиявӣ ва дастрас ба деҳаҳои дараи Алмосӣ бо саҳми мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва шарикони рушд  навсозӣ шудаанд.

АКС  аз манбаъҳои боз

Июль 9, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Масоили марбут ба ташаккули омори соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ баррасӣ гардид
Директори генералии Хазинаи Қатар оид ба рушд бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Хазинаи Қатар оид ба рушд Созишномаи қарзи имтиёзнок барои сохтмони НБО «Роғун» ба имзо расид
Дар Москва ҷаласаи навбатии коршиносони Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор гардид
Тоҷикистон ва Чин барои бунёди роҳҳои дусатҳа дар шаҳри Душанбе ба мувофиқа расиданд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамкориро бо ширкатҳои хориҷӣ тақвият мебахшад
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои омӯзиши касбии кормандони бонкҳои марказӣ (миллӣ) доир шуд
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ пурра ба роҳ монда шуд
Ифтитоҳи парвозҳои мустақим дар самти Душанбе – Сиан ва Душанбе – Гуанҷоу баррасӣ гардид
«Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар Шурои ҳамоҳангсози рушд муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ тақвият медиҳанд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Барномаи Рушди СММ дар доираи лоиҳаҳои муштарак муҳокима гардид