Дар Ҷидда лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд баррасӣ гардид

Октябрь 27, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 27.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ зимни мулоқоти муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ ва ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд оид ба амалиёт доктор Ромӣ Аҳмад лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ шуда, нақши он дар таъмини амнияти энергетикӣ ва рушди устувори ҷумҳурӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад, ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам тақвият бахшидани шарикии стратегӣ дар соҳаҳои инфрасохтор, энергетика, рушди деҳот, бахши хусусӣ ва рақамикунонӣ омодагӣ изҳор намуданд.

Муовини якуми Вазири молия дархост намуд, ки Гурӯҳи Бонки исломии рушд ҳангоми ҷудо намудани маблағгузорӣ барои лоиҳаҳои калидӣ дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ бештар маблағгузории имтиёзнок ҷудо намояд.

Мусоҳибон омодагии худро барои таҳияи тавсеаи ҳамкории минбаъда, тезонидани корбарии лоиҳаҳои дар марҳилаи омодагӣ қарордошта ва тавсеаи дастгирӣ ба ташаббусҳои иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон таъкид намуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 27, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд