Фарҳод Раҳимӣ: «Иқдоми стратегии Президенти Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ хеле саривақтӣ аст»

ДУШАНБЕ, 30.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, бо иттифоқи оро қабул намуд. Вобаста ба ин раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ чунин ибрози назар намуд:
— Миллати тоҷик давоми ҳазорсолаҳо на танҳо созанда, балки офарандаи арзишҳои умумибашарӣ, забону фарҳанг, илм ва тамаддун буд. Аз шаҳристонҳои паҳновари Бохтару Суғд то мақомати ҷовидонаи Рӯдакию Ибни Сино, аз илмҳои табиию риёзии Беруниву Хоразмӣ то осори ирфониву фалсафии Мавлонову Носири Хусрав- ин миллати куҳанбунёд собит намудааст, ки неруи фикрӣ ва ахлоқияш қодир ба таъсиргузорӣ бар равандҳои ҷаҳонӣ аст.
Имрӯз, дар замони нав, ки марзҳои илм ва технология рӯ ба барҳам хӯрдан доранд ва ҷаҳон дар чорроҳаи ахлоқӣ ва рақамӣ қарор мегирад, маҳз чунин миллатҳои решадор дар таърих метавонанд аз нав пешоҳанги тамаддуни инсоният гарданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин рисолати таърихиро бо камоли виҷдон ва эҳсоси масъулияти миллӣ идома дода, Тоҷикистонро ба мамлакати ташаббускор ва таъсиргузор дар сиёсати байналмилалӣ табдил додаанд.
Маҳз бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Тоҷикистон дар даҳсолаи охир бо як силсила ташаббусҳои ҷаҳонӣ шуҳрати сиёсию маънавии хешро афзун намуд. Аз ҷумла, эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028», Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо- ҳама шаҳодати равшани дарки мушкилоти экологӣ, инсондӯстӣ ва дипломатияи илммеҳвари Тоҷикистон мебошанд.
Иқдоми охир- ин ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба истифодаи зеҳни сунъӣ ба нафъи рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ ва қабули қатъномаи марбут аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (25 июли соли 2025) аз ин ҷараён истисно нест. Баръакс, он идомаи мантиқии сиёсати хирадгароёнаест, ки мехоҳад технологияҳои муосирро бо ахлоқи инсонӣ ва арзишҳои фарҳангии мардумони Шарқ ҳамоҳанг созад. Ин санад аввалин ташаббуси расмии глобалӣ мебошад, ки масъалаи этикаи зеҳни сунъӣ, амнияти рақамӣ, таҳкими ҳамкории илмӣ ва баробарии дастрасӣ ба технологияи зеҳни сунъиро дар минтақа ба сатҳи ҳуқуқии байналмилалӣ мебарорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисоти умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки 24 сентябри соли 2024 баргузор гардида буд, изҳор доштанд, ки танҳо тавассути гуфтугӯ ва ҳамкории мутақобил ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад ба ҳадафҳои умумӣ ноил гардад.
Бо ишора ба нақши ҳалкунандаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ Президенти ҷумҳурӣ иброз намуданд, ки «технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ имрӯз ба заминаи муносиб барои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор табдил ёфтаанд. Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, стратегия ва санадҳои муҳими консептуалиро ба тасвиб расонида, гузариш ба системаи рақамикунониро марҳала ба марҳала ба роҳ мемонад».
Дар идомаи суханронӣ Пешвои миллат чунин пешниҳод намуданд: «Дар ин робита пешниҳод менамоям, ки Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи навбатии худ як қатъномаи махсусро дар мавриди нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконияти нав барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ қабул намояд».
Ин пешниҳоди муҳим, ки аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ гарм истиқбол гардид, дар ниҳоят ба қабули қатъномаи таърихии Созмони Милали Муттаҳид 25 июли соли 2025 асос гузошт, ки нақши пешсафонаи Тоҷикистонро дар ташаккули низоми глобалии зеҳни сунъии бехатар, боэътимод ва инсондӯстона нишон медиҳад.
Ин санад, ки бо пуштибонии якдилонаи кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, қадами муҳиме дар роҳи бунёди ризояти ҷаҳонӣ оид ба истифодаи бехатар ва бар ахлоқ асосёфтаи зеҳни сунъӣ, аз ҷумла рушди механизмҳои худтанзимкунӣ ва мудирияти масъулиятноки технологияҳои зеҳни сунъӣ дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ мебошад.
Инчунин ин қатънома механизмҳои асосии истифодаи муассири технологияҳои зеҳни сунъиро барои таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ муайян менамояд. Яке аз чунин механизмҳои пешниҳодшуда таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, ки ба ҳамоҳангсозии раванди татбиқи барномаҳои муштараки марбут ба зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад намуд.
Ҳадафи мақолаи мазкур баррасии амиқи паҳлуҳои сиёсӣ, илмӣ, иҷтимоӣ ва меъёрии ин ташаббус буда, бозгӯи он аст, ки чӣ гуна Тоҷикистон бо такя ба хиради таърихӣ ва хусусан бо роҳбарии Пешвои миллат нақши худро ҳамчун миллати тамаддунофар дар асри рақамӣ низ идома дода, дар ҳифзи аҳдофи умумибашарӣ ва рушди ояндаи инсонӣ саҳм мегузорад.
Дар марҳалаи шиддатёбандаи рақамисозии ҷаҳон ва тағйироти босуръати илмӣ-техникӣ зеҳни сунъӣ ба яке аз самтҳои стратегии рушд табдил ёфтааст. Барои ҳамқадам гаштани ҷомеаи миллӣ бо ҷаҳони муосир Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тадриҷан ба ин раванд ворид гардида, бо пешниҳоди ташаббуси таърихии худ дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид иқдоми бесобиқаеро ба роҳ монд. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 25 июли соли 2025 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаи махсусеро оид ба татбиқи зеҳни сунъӣ ба нафъи рушди устувори Осиёи Марказӣ қабул намуд. Ин иқдом дар замони буҳронҳои глобалӣ ва рақобатҳои технологӣ аз нигоҳи илмӣ ва сиёсӣ қадами ҷасурона ва дурбинона арзёбӣ мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки зеҳни сунъӣ имрӯз на танҳо як технология, балки падидаи тамаддунофар аст, ки дар таносуб бо рушди рақамӣ ва иттилоотӣ ҳадди навбатии таҳаввули зеҳнӣ ва иҷтимоии инсонро таъйин мекунад. Он марзи байни «доноӣ» ва «шабака», «шахсият» ва «алгоритм»-ро тадриҷан аз нав таъриф намуда, ба самтҳои зиёди ҳаёти муосир, аз ҷумла, аз иқтисод то тиб, аз кишоварзӣ то таҳсилот ва аз мудирият то амният ворид шудааст.
Дар давлатҳои пешрафта ва рӯ ба рушд зеҳни сунъӣ ба унвони муҳаррики асосии иқтисоди рақамӣ ва тавлиди арзиш шинохта шудааст. Истифодаи алгоритмҳои омӯзиши мошинӣ, таҳлили калонмаҷмуи додаҳо (Big Data), системаҳое, чун chatbot-ҳо ва воситаҳои идоракунии автоматикӣ, самаранокии истеҳсолот ва хизматрасониро садҳо маротиба боло бурдааст. Созмонҳои байналмилалӣ таъкид менамоянд, ки иқтисодиёти оянда бештар на танҳо ба захираҳои табиӣ, балки ба қобилияти давлатҳо дар татбиқи зеҳни сунъӣ вобаста хоҳад буд.
Зеҳни сунъӣ дар хизмати инсоният, махсусан дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, хизматрасонӣ ва амният қарор дорад ва он пайваста рушд хоҳад ёфт. Масалан, дар соҳаи маориф зеҳни сунъӣ имконият медиҳад, ки муҳити омӯзишӣ барои ҳар донишҷӯ фардӣ шавад, мониторинг ва арзёбӣ дақиқтар гардад ва дастрасӣ ба дониш бе маҳдудият таъмин шавад. Дар соҳаи тандурустӣ алгоритмҳои ташхисгар ва моделсозии геномӣ имкони табобати саривақтӣ ва дақиқро фароҳам меоранд. Дар соҳаи амният зеҳни сунъӣ метавонад ҳамчун чашми дувуми системаи назорат амал кунад, аммо ин амал бояд танҳо дар сурати танзими ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ ба роҳ монда шавад. Зеҳни сунъӣ дар соҳаи хизматрасонӣ имконият медиҳад, ки равандҳои қаблан дастӣ, ба монанди қабули дархостҳо, арзёбии эҳтиёҷот, тамоси муштариён ва таҳлили бозор ба таври худкор ва муассир анҷом дода шаванд. Бо истифода аз алгоритмҳои омӯзиши мошинӣ ва коркардҳои забони табиӣ (NLP) зеҳни сунъӣ метавонад бо муштариён суҳбати фаврӣ анҷом диҳад (чат-ботҳо, ассистентҳои рақамӣ), хизматрасониро фардӣ намояд. Яъне ҳар фарди истифодабаранда пешниҳодҳои шахсан омодашударо дастрас намояд, суръати қабул ва расонидани қарорҳоро баланд бардорад, махсусан дар бахшҳои бонкдорӣ, суғурта ва тандурустӣ ва хатоҳои инсонро дар соҳаҳои расондани хизматҳои оммавӣ, таълим ва савдо коҳиш диҳад.
Албатта, бе баҳс аст, ки бо вуҷуди манфиатҳои васеъ зеҳни сунъӣ мушкилоти нав низ ба миён меорад, ки ин, пеш аз ҳама, нақзи дахолатнопазирии маълумот, таҳкими назорати рақамӣ, фарқияти иҷтимоии дастрасӣ, инчунин масъалаҳои васеи масъулияти ҳуқуқӣ, ки масалан, дар ҳолати хатои алгоритм рӯй доданаш мумкин аст. Аз ин рӯ, истифодабарандагони зеҳни сунъӣ бояд на танҳо ба самаранокӣ, балки ба этика, адолат ва шаффофияти технология таваҷҷуҳи амиқ дошта бошанд.
Барои ҷумҳурии мо, ки дар марҳалаи рушди рақамӣ қарор дорад, зеҳни сунъӣ метавонад фурсати бесобиқаи таърихӣ, ба монанди гузаштан аз зинаҳои суннатии саноатӣ ва мустақиман ворид шудан ба иқтисоди донишбунёд фароҳам оварад. Дар ин маврид бояд, ки сохторҳои таҳқиқотӣ, барномаҳои таълимӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо ин ҳадаф ҳамоҳанг гарданд.
Ҷомеаҳои шарқӣ, аз ҷумла тоҷикон дар фарҳанги худ ҳамеша ба хираду маърифат ва тамаркузи ботинӣ аҳамият додаанд. Зеҳни сунъӣ низ агар ба хизмати инсонӣ ва рушди маънавӣ равона гардад, метавонад давоми мантиқии ин фалсафа гардад, яъне на танҳо «техникае барои ҳалли кор», балки абзоре барои равшан намудани ҳастӣ ва баланд бардоштани мақоми инсон бошад.
Таҳлилҳои муқоисавӣ нишон медиҳанд, ки аксар давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳанӯз дар оғози амалисозии сиёсати давлатӣ дар мавриди зеҳни сунъӣ қарор доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин кишварҳои минтақа мебошад, ки «Стратегияи миллии рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040»-ро қабул намуд. Ин стратегияи нав ба принсипҳои этика, дастрасии баробар, таъмини амният ва ҳамгироии зеҳни сунъӣ бо ҳадафҳои рушди устувор такя мекунад.
Ҳадафи асосии Тоҷикистон ташкили Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии зеҳни сунъӣ дар Душанбе аст, ки он на танҳо барои ҷумҳурӣ, балки барои тамоми минтақа фазои нави ҳамкории илмӣ- инноватсионӣ фароҳам месозад.
Ҳамин тавр, қабули қатъномаи пешниҳоднамудаи Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид, ки ба истиқрори истифодаи бехатар ва инсонмеҳвари зеҳни сунъӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст, дорои паёмҳои муҳиме, ба монанди эътирофи нақши Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори сиёсати технологияи масъул, пешниҳоди платформаи нави ҳамкорӣ байни институтҳои илмию таҳқиқотӣ, донишгоҳҳо, ширкатҳои технологӣ ва ҳукуматҳо, таъкид ба муҳимияти адолати рақамӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангӣ ва инсонӣ дар ҷаҳони рақамӣ мебошад.
Ин навъи ташаббуси сиёсӣ дар минтақа қаблан мушоҳида нашуда, ба таври назаррас мавқеи геостратегии Тоҷикистонро дар арсаи илм ва сиёсати байналмилалӣ таҳким мебахшад.
Ҷанбаҳои илмӣ ва меъёрии ташаббус низ аз назари мо хело муҳим аст. Агар дар давлатҳои пешрафта масъалаи танзими ҳуқуқии зеҳни сунъӣ тавассути қонунҳои муфассал ва созишномаҳои байналмилалӣ ҳал мегардад, дар мамлакатҳои рӯ ба рушд масъалаи устувории меъёрӣ, дастрасии иттилоот ва омӯзиши мутахассисони соҳаи зеҳни сунъӣ хеле муҳим аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ин воқеиятро ба назар гирифта, дар матни қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид риояи этикаи зеҳни сунъӣ, эҳтиёткорӣ дар истифодаи маълумоти шахсӣ ва таъмини шаффофияти алгоритмҳоро ба унвони арзишҳои асосӣ пешниҳод кардааст.
Аз ин рӯ, ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи зеҳни сунъӣ, шуруъ аз қабули Стратегияи миллӣ то пешниҳоди қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид на танҳо иқдоми сиёсӣ, балки ҳамоҳангии илмӣ, иҷтимоӣ ва фалсафии миллӣ дар шинохти ояндаи технологияҳо мебошад. Он бояд ба таври комплексӣ аз ҷониби ҷомеаи илмӣ таҳлил, дастгирӣ ва татбиқ гардад.
Бо чашми сар мебинем ва бо ақл дарк менамоем, ки ҷаҳони муосир дар остонаи таҳаввули нав қарор дорад. Таҳаввуле, ки на аз силоҳ, балки аз қудрати алгоритм, на аз сарват, балки аз фазилати дониш ва биниши ахлоқӣ сарчашма мегирад. Дар чунин замина мамлакатҳо на бо андозаи ҳудуди ҷуғрофӣ ё теъдоди аҳолӣ, балки бо дараҷаи хирадмандӣ, биниши стратегӣ ва сатҳи истифодаи оқилонаи технологияи навин арзёбӣ мешаванд.
Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат дар даҳсолаҳои ахир собит намуд, ки метавонад дар маркази ташаккули сиёсатҳои глобалӣ қарор гирад. Аз ташаббусҳои байналмилалӣ дар самти об ва пиряхҳо то пешниҳоди навбатии таърихии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи зеҳни сунъӣ- ҳамаи инҳо гувоҳанд, ки Тоҷикистон дорои иродаи илммеҳвар ва ҷаҳонбинии тамаддунофар аст. Ва ташаббуси глобалӣ дар бораи зеҳни сунъӣ на танҳо иқдоми сиёсӣ, балки падидаи арзишӣ аст, ки дар он дар баробари технология инсон ва фарҳанг дар марказ қарор мегиранд. Қабули ин қатънома бо пуштибонии умумӣ нишон дод, ки Тоҷикистон метавонад дар марҳилаи нави таърих, ки асри рақамӣ ном дорад, низ мавқеи устувор ва роҳнамо дошта бошад. Ин як имконият барои табдил ёфтани Душанбе ба маркази минтақавии зеҳни сунъӣ, эҷоди экосистемаи миллӣ ва минтақавии зеҳни сунъӣ, барои омодасозии кадрҳои баландихтисос ва муҳимтар аз ҳама, ҳамгиро кардани ахлоқи шарқӣ бо технологияҳои ғарбӣ аст.
Бори дигар таъкид менамоям, ки дар баробари таҳкими имконияти илмӣ ва саноатӣ Тоҷикистон бояд рисолати тамаддунофари худро идома диҳад. Зеҳни сунъӣ агар дар заминаи ахлоқ ва дониш ҷойгир гардад, он метавонад василаи нави баландбардории мақоми инсон гардад, на ҷойгузини ӯ. Барои миллати тоҷик, ки бо хираду маърифат ва ирфону фалсафа поягузори тамаддуни Шарқ буда, имрӯз бо Пешвои миллат ин рисолатро идома медиҳад, зеҳни сунъӣ на хатари хомӯшкунанда, балки абзори бедорӣ ва рушд аст.
Дар ниҳояти кор, илм, маърифат ва хирад бояд аз ҳар технологияи нав болотар бимонанд. Танҳо дар ин ҳолат мо метавонем дар асри зеҳни сунъӣ низ бо ифтихор бигӯем, ки «мо миллати тамаддунофарем».
Зеҳни сунъӣ, агар дар доираи арзишҳои инсонӣ ва фалсафаи шарқӣ таҳким ёбад, метавонад на танҳо воситаи рушди иқтисод, балки абзори шинохти худ, олам ва масъулияти муштараки тамаддунҳо гардад. Тоҷикистон имкони воқеии онро дорад, ки дар бунёди насли нави зеҳни сунъӣ, яъне «зеҳни инсонмеҳвар» саҳм гузорад. Ин иқдом, пеш аз ҳама, таҷассуми амиқи он мактаби давлатдории тоҷикон аст, ки бунёдаш аз Сомониён ва идомаи мантиқии он мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат мебошад.
Дар ин замина, ҷомеаи илмии мамлакат, муассисаҳои таҳқиқотӣ, донишгоҳҳо ва тамоми қишрҳои ҷомеа бояд бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, масъулияти илмӣ ва уҳдадории тамаддунсозӣ аз сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат дар самти рақамикунонии ҷумҳурӣ ва рушди зеҳни сунъӣ ҳамаҷониба пуштибонӣ намоянд. Ин пуштибонӣ на танҳо ишораи сиёсӣ, балки вазифаи миллӣ, рисолати насл ва ҷавоби таърихӣ ба даъвати замон аст.
Дар навбати худ мо, тамоми муҳаққиқон ва аҳли маориф дастгирӣ ва ҷонибдории худро аз ташаббусҳои Пешвои миллат изҳор намуда, ин ташаббусҳоро заминаи воқеии бунёди ҷомеаи донишбунёд, технологиямеҳвар ва ахлоқӣ дар Тоҷикистон меҳисобем. Бо итминони комил метавон гуфт, ки дар партави ин ташаббусҳо миллати тоҷик рисолати худро ҳамчун миллати тамаддунсозу тамаддунофар бо хираду таҳаммул, донишу масъулият, бо Пешвои хирадманди худ ва бо ормонҳои миллӣ дар асри зеҳн низ идома хоҳад дод.
АКС аз манбаъҳои боз