Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид

Февраль 20, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 20.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ барои лоиҳаи «Такмил додани таҷҳизот барои сканеркунии мол дар гумруки Спитамен дар масири байналмилалии долони нақлиётии Транскаспӣ» шартнома  ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Дар меҳвари мулоқоти роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Душанбе «Лоиҳаи беҳтаргардонии таҷҳизоти сканеркунии бор дар нуқтаи назорати гумрукӣ дар ноҳияи Спитамен-Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар масири хатсайри байналмилалии долони  Транскаспӣ» қарор гирифт. Зимни он ба корҳои таҳқиқотии мутахассисони ҷопонӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир гардид.

Гурӯҳи корӣ аз ҷониби JICA инчунин масъалаи гузаронидани таҳқиқоти муфассал ва такмили ин лоиҳаро бо мақсади рушди инфрасохтори сканеркунии гумрукӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Гуфта шуд, ки баргузории тендер оид ба харид ва таъмини таҷҳизоти сканеркунӣ дар моҳи майи соли 2026 дар назар дошта шудааст. Таъкид шуд, ки муҳлати истеҳсоли таҷҳизоти мазкур пас аз анҷоми расмиёти тендер тақрибан 11 моҳро дар бар мегирад.

Иброз гардид, ки гурӯҳи таҳқиқотии  JICA қаблан ду маротиба — солҳои 2024 ва 2025  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқоти саҳроӣ  анҷом додааст. Дар натиҷаи ин таҳқиқот дар Ҷопон корҳои тарҳрезии аввалин ва арзёбии иқтисодии лоиҳа ба анҷом расиданд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 20, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд