Гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ қадами муассир дар самти беҳтарнамоии фаъолияти сохторҳои давлатӣ аст

Июль 15, 2025 15:42

ДУШАНБЕ, 15.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ дар ҷумҳурӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарин барои солҳои оянда мебошад. Чунин гуфт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори раёсати танзими гардиши ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Шоҳзода.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, пешбурди платформаи ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ на танҳо самаранокии идоракуниро баланд мебардорад, балки дастрасиро барои аҳолӣ ба таври назаррас беҳтар менамояд.

Сол аз сол ҷаҳон рақамӣ мешавад ва мавзуи рақамисозии идоракунии давлатӣ торафт муҳимтар мегардад. Яке аз ҷанбаҳои муҳимми ин раванд гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ мебошад, ки на танҳо зарурати техникӣ, балки қадами муассир дар самти беҳтар намудани фаъолияти сохторҳои давлатӣ, баланд бардоштани шаффофият, фаврият, бехатарии гардиши ҳуҷҷатҳо ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандон арзёбӣ мегардад.

Фирдавс Шоҳзода иброз намуд, ки коргузории электронӣ ҷузъи муҳимми низоми муосири идоракунӣ ва гардиши ҳуҷҷатҳо мебошад. Он имкон медиҳад, ки ҳуҷҷатҳо ба таври электронӣ эҷод, коркард, нигоҳдорӣ ва интиқол дода шаванд. Ин ба суръатбахшии равандҳо ва кам кардани хароҷоти кори коғазӣ ва сарфаи вақт таъсири назаррас дорад.

Дар ҷумҳурӣ асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, тартиби гардиш ва истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ, инчунин таъсис ва истифодаи имзои электрониро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» танзим менамояд. Тибқи моддаи 7 ва 10-и ин қонун ҳуҷҷати электронӣ метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолият, ки дар онҳо воситаҳои барномавӣ ва техникии барои омода, коркард, нигоҳдорӣ, интиқол ва қабули иттилоот заруранд, истифода шавад. Ҳуҷҷати электронӣ, ки бо имзои электронии ҳифзшуда имзо шудааст, бо ҳуҷҷати ҳомили коғазӣ, ки бо имзои дастӣ имзо шудааст, эътибори ҳуқуқии баробар дорад.

Ҳамзамон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти дигари давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 23 июни соли 2025 тасдиқ гардид. Мутобиқи банди 4 қарори мазкур мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ аз 1 июли соли 2025, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва ташкилоти дигари давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2027 гардиши пурраи электронии ҳуҷҷатҳоро тавассути низоми ягонаи байниидоравии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ба роҳ мемонанд.

Фирдавс Шоҳзода гуфт, ки низоми ягонаи байниидоравии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ маҳсулоти барномавие мебошад, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор дар соҳаи гардиши ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ муайян гардида, тавассути он гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ байни иштирокдорони ҳамкории иттилоотӣ ба роҳ монда мешавад.

Гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ чӣ бартарият дорад?

Дар посух ба ин савол ҳамсуҳбати мо афзуд, ки яке аз бартарияти асосии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ қобилияти ба таври назаррас тезонидани равандҳои коркарди ҳуҷҷатҳо мебошад. Дар шароити гардиши анъанавии ҳуҷҷатҳои коғазӣ вақти интиқол, мувофиқа ва бақайдгирии ҳуҷҷатҳо метавонад аз якчанд рӯз то якчанд ҳафта идома ёбад. Ҳуҷҷатҳои электронӣ, баръакс, метавонанд фавран коркард ва ба қабулкунанда интиқол дода шаванд, ки ин имкон медиҳад вақти иҷрои амалиёти гуногун кам карда шавад.

Татбиқи низомҳои электронӣ инчунин имкон медиҳад, ки равандҳои дохилӣ муносиб гардонида шаванд, ба монанди автоматикунонии раванди эҷод ва имзои ҳуҷҷатҳо, нигоҳдорӣ ва ҷустуҷӯйи онҳо. Ин тамоюл хатари ба хатоӣ дучоршавӣ ва такрори иттилоотро кам карда, самаранокии умумии кори мақомоти давлатиро хеле баланд мебардорад.

Ҳамзамон гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ боиси кам шудани хароҷоти коғаз, лавозимоти корӣ, техникаи чопӣ ва нигоҳдории бойгонии коғазӣ мегардад. Дар натиҷа мақомоти давлатӣ метавонанд ин маблағҳоро ба дигар лоиҳаҳою корҳои муҳим равона карда, ба истифодаи самараноки буҷети давлатӣ мусоидат намоянд. Ғайр аз ин гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ба ҳифзи муҳити зист таъсири мусбат мерасонад. Истифодаи ками коғаз ба кам шудани нобудшавии ҷангалҳо ва партовҳо мусоидат мекунад.

«Инчунин ҳуҷҷатҳои электронӣ бетағйир мебошанд, ки ин сатҳи шаффофияти кори мақомоти давлатиро ба таври назаррас баланд мебардорад. Қобилияти пайгирии мақоми ҳуҷҷат, инчунин таърихи он ба шаҳрвандон ва ташкилоти ҷамъиятӣ имкон медиҳад, ки фаъолияти мақомотро самараноктар назорат намоянд. Илова бар ин, гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ нақшаҳои коррупсиониро, ба монанди қалбакӣ сохтани ҳуҷҷат ё гум кардани ҳуҷҷатҳо хеле душвор мекунад. Дар шароити рақамисозӣ, ки ҳар як қадамро сабт ва санҷидан мумкин аст, дар натиҷа коркарди иттилоот осонтар гардида, ин ба зиёд гардидани эътимоди шаҳрвандон ба сохторҳои давлатӣ мусоидат менамояд»,-шарҳ дод сардори Раёсати Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон.

Ҳамзамон яке аз ҳадафҳои асосии рақамисозӣ беҳтар кардани сифати хизматрасониҳои аз ҷониби мақомоти давлатӣ пешниҳодшаванда мебошад. Муомилоти электронии ҳуҷҷатҳо ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки маълумоти заруриро зудтар ба даст оранд, ба мақомот ариза ва дархостҳо пешниҳод карда, раванди баррасии онҳоро дар реҷаи вақти воқеӣ назорат кунанд. Ин ҳамкорӣ бо давлатро осонтар карда, вақти камтарро мегирад, ба фароҳам овардани муҳити бароҳат ва самаранок барои шаҳрвандон мусоидат менамояд.

Инчунин дар шароити гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, тиҷорати хурд ва миёна ба хизматрасониҳои маъмурии тезтар ва осонтару арзонтар дастрасӣ пайдо мешавад. Дархостҳои дар реҷаи вақти воқеӣ, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва гирифтани иҷозатномаҳо тавассути интернет ба соҳибкорон имкон медиҳанд, ки вақт ва хароҷотро ба таври назаррас сарфа кунанд, ки ин ба рушди тиҷорат ва дар маҷмуъ ба рушди иқтисодиёт мусоидат мекунад.

Дар маҷмуъ гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ на танҳо тамоюли муосир, балки зарурати муносибгардонии фаъолият, баланд бардоштани шаффофият, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва кам кардани хароҷот мебошад. Он барои боз ҳам беҳтар кардани идоракунӣ ва рушди иқтисодӣ имконияти нав фароҳам оварда, ба ҳамкории одилона ва самараноки давлат бо ҷомеа мусоидат мекунад. Идомаи рақамисозӣ дар сохторҳои давлатӣ қадами муҳим барои эҷоди раванди кушодатар, зудтар ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи маъмурӣ буда, ин бешубҳа, на танҳо ба мақомоти давлатӣ, балки ба ҳамаи шаҳрвандони мамлакат низ манфиати калон меорад, гуфт дар анҷом Фирдавс Шоҳзода.

Мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки дастрасӣ ба дониш ва технология ба ҳар шахс имкон медиҳад, ки дар рушди кишвар саҳми мунсоиб гузорад. Муҳим он аст, ки мақомоти давлатӣ ва ҳам бахши хусусӣ аз ин имконият истифода бурда, дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ фаъолона иштирок ва барои шаҳрвандон низомҳои осонтар ва самараноктар эҷод намоянд.

Солҳои охир таваҷҷуҳ ба иқтисоди рақамӣ ба яке аз ҳадафҳои муҳимми ҳукумат табдил ёфтааст. Ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шаванд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 15, 2025 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии рейтингии байналмилалии «Standard & Poor’s» ба дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон баҳои сазовор дод
Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи нафту газ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои иттилоотӣ ҳамкорӣ менамоянд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар бахшҳои мошинсозӣ, дорусозӣ ва истихроҷи маъдан густариш медиҳанд
Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад
Дар Суғд оид ба муаррифии имконоти сармоягузории минтақа форуми тиҷоратӣ баргузор шуд
Истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст
Тоҷикистон ва WIPO ҳамкориро дар соҳаи рушди инноватсия тақвият медиҳанд
Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид