Маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба 22 кишвари ҷаҳон содирот мегардад
ДУШАНБЕ, 01.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба 90 номгӯй расида, ба 22 кишвари ҷаҳон содирот мегардад. Корхонаҳои шаҳр дар самти истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ва ивазкунандаи воридот саҳми назаррас доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар шаҳри Гулистон 48 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунад. Дар панҷ моҳи аввали соли равон ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда дар корхонаҳои саноатии шаҳр ба 2 миллиард сомонӣ расидааст.
Ба иттилои масъулин, то охири соли равон дар шаҳри Гулистон панҷ корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода қарор мегирад, ки бо ба фаъолият оғоз намудани онҳо на танҳо ҷойҳои нави кор таъсис меёбанд, балки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот низ ба маротиб афзоиш меёбад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






