Дар шаҳри Турсунзода майдончаи нави варзишӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 11.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маҳаллаи дуюми шаҳри Турсунзода майдончаи замонавии варзишӣ барои бозиҳои футболи хурд ва волейбол ба истифода дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд, майдончаи мазкур бо саҳмгузории оилаи Саидовҳо ва сокинони маҳалла бунёд гардида, бо тамоми таҷҳизоти муосир ва шароити зарурии варзишӣ муҷаҳҳаз мебошад. Он дар ҳудуди биноҳои истиқоматии 22, 142 ва 143 ҷойгир аст.
Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода зимни ифтитоҳи ин иншооти варзишӣ иброз дошт, ки ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва намудҳои гуногуни варзиш яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии роҳбарияти шаҳр маҳсуб меёбад.
Таъкид карда шуд, ки ташкили чунин инфрасохтори муосир ба таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар байни насли наврас мусоидат менамояд.
Ҳамзамон роҳбарияти шаҳр бо соҳибкорон ва фаъолони маҳаллаи дуюм мулоқот анҷом дода, онҳоро барои бунёди чунин майдончаҳо дар дигар қисмати маҳалла ташвиқ намуд.
Ба иттилои сокинон, дар оянда дар назди биноҳои 17, 18 ва 104 сохтмони як майдончаи бозиҳои кӯдакона ва як варзишгоҳ барои футболи хурд ба нақша гирифта шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд






