Нақшаи Барномаи муштараки «Тағйири низомҳои озуқаворӣ барои беҳтар намудани сифати ғизо» қабул шуд
ДУШАНБЕ, 16.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 июл дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда баргузор шуд, ки дар он нақшаи Барномаи муштараки «Тағйири низомҳои озуқаворӣ барои беҳтар намудани сифати ғизо» қабул карда шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаласа иштирокдорон лоиҳаи нақшаи кории ҳамаҷонибаро баррасӣ ва тасдиқ намуданд. Инчунин тавсияҳо барои суръат бахшидан ба татбиқ ва пешрафтҳои назаррас дар самти беҳтар намудани натиҷаҳои ғизо пешниҳод гардиданд.
Муовини якуми Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Маҳмуд Ширинҷонзода иброз дошт, ки «таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, марҳила ба марҳила амалӣ мешавад. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ин масъаларо ҳаётан муҳим шуморида, барои таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо озуқа тадбирҳои таъхирнопазир меандешад.
Бо ин мақсад дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» қабул гардид, ки самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун қисми таркибии амнияти давлат ва меъёрҳои байналмилалии эътирофшуда муайян менамояд».
Бояд гуфт, ки масъалаҳои рушди системаҳои озуқаворӣ дар миқёси ҷаҳонӣ хеле мубрам ба ҳисоб мераванд. Фаъолият ва рушди устувори системаҳои миллии озуқаворӣ ва ҳалли мушкилоти бамиёномада ва мутаносибан муайян кардани роҳҳои имконпазири ҳалли онҳо дар фазои Созмони Милали Муттаҳид барои тамоми мамлакатҳои ҷаҳон ва табиист, ки расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 масъалаи ҳаётан муҳим мебошад.
«Барои ноил шудан ба ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба маводи озуқаи босифат дар баробари татбиқи «Барномаи бехатарии махсулоти озуқаворӣ барои солҳои 2024-2028», «Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», инчунин барномаҳои соҳавӣ қабул шудаанд, ки ба рушди соҳа замина мегузоранд. Мақсади дастгирии давлатӣ оид ба амнияти озуқаворӣ таъмини талаботи аҳолӣ бо озуқаи ҳаётан муҳим чораҷӯиро аз ҷониби истеҳсолкунандагони ватании маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқа тақозо менамояд»,-гуфт Маҳмуд Ширинҷонзода.
Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Парвати Рамасвами иброз дошт, ки «тағйир додани системаҳои озуқаворӣ яке аз такондиҳандагони муҳим барои пешбурди Ҳадафҳои рушди устувор мебошад. Аз соли 2021 Созмони Милали Муттаҳид бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди афзалияти системаҳои озуқаворӣ ҳамкорӣ мекунад ва ман аз он шодам, ки ҳамкории мо дар доираи ин барномаи муштарак идома хоҳад ёфт».
Дар ҷаласа таъкид шуд, ки Барномаи системаҳои миллии озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат менамояд. Тамоми вазорату идораҳоро зарур аст, ки барои ноил шудан ба ин ҳадафи стратегии мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешанд.
АКС аз манбаъҳои боз








ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд






