НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон беш аз 23 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 22.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ 28 ҳазору 958 иншооти таъйиноти гуногуни иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 июл 23 ҳазору 228 иншоот бо таъсиси 47 ҳазору 457 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор дода шудааст. Чунин иттилоъ дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода.
Аз ин шумораи умумии иншоот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1362 иншоот ба нақша гирифта шуда, 1025 иншоот бо таъсиси 2368 ҷойи нави кор мавриди истифода карор дода шуд. Инчунин дар 198 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Дар вилояти Суғд сохтмони 12 ҳазор иншоот ба нақша гирифта шуда, 10 ҳазору 827 иншоот бо таъсиси 24 ҳазору 740 ҷойи нави кор мавриди истифода карор дода шудааст. Дар вилоят сохтмони боз 939 иншоот идома дорад.
«Дар вилояти Хатлон ба ифтихори ҷашни миллӣ сохтмони 6260 иншоот ба нақша гирифта шуда, 5479 иншоот бо таъсиси 3911 ҷойи нави кор мавриди истифода карор дода шудааст. Дар 872 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд», -гуфт Шарифҷон Ҷумъазода.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад






