НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон теъдоди муассисаҳои томактабӣ ба 757 адад расид

Июль 28, 2025 09:56

ДУШАНБЕ, 28.07.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаш моҳи соли 2025 теъдоди муассисаҳои томактабӣ ба 757 адад расида, дар онҳо 118 ҳазор 392 кӯдак таълиму тарбия мегиранд, ки нисбат ба соли 2024  13 муассиса ва 4422 нафар кӯдак зиёд аст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 ислоҳоти соҳа дар самти таҳсилоти томактабӣ идома ёфта, фаъолият ба таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқӣ равона карда шуд», -афзуд Вазири маориф ва илм.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади фарогирии бештар ва  дастрасии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 2931 маркази инкишофи барвақтии кӯдак бо фарогирии 133 ҳазору 361 кӯдак дар 5569 гурӯҳ таъсис дода шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 47 марказ ва 2044 кӯдак зиёд мебошад.

Дар маҷмуъ, фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ 251 ҳазору 753 нафар ё 23,7 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ин давраи соли 2024   3,5 фоиз (соли 2024-ум 20,2 фоиз) зиёд мебошад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2024 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки дар панҷ соли оянда бо назардошти афзоиши аҳолӣ дар ҳар маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, як муассисаи томактабӣ бунёд намоянд.

Сарвари давлат  дастур доданд, ки дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошта барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синни томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд таъмин карда шавад.

Бояд иброз намуд, ки зинаи таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии кӯдакон марҳалаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ Ҳукумати мамлакат ба бунёди муассисаҳои томактабӣ эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ медиҳад.

Зеро зинаи томактабӣ ё омӯзиши барвақтии кӯдак барои гирифтани таҳсили минбаъда дар мактаб заминаи асосӣ мегузорад. Он алоқамандии байни оила ва мактабро таъмин намуда, дар ҳаёти кӯдак қадами муҳимтарин ба ҳисоб меравад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 28, 2025 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон низоми баҳогузории 10-хола чӣ натиҷа дод?
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон: «Низоми дувоздаҳсолаи таълим дар марҳилаи аввал ба таври пилотӣ амалӣ карда мешавад»
Хонандаи тоҷик «Ҷоми Раёсати Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон»-ро соҳиб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ нахустин маротиба ду Шурои диссертатсионӣ барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ таъсис ёфт
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази «Низоми байналмилалии арзёбии омӯзиши забони тоҷикӣ» таъсис меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рашт 27 омузгор бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 музди маоши кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар 10 фоиз баланд бардошта мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон толори судӣ, клиникаи ҳуқуқӣ, марказҳои тестӣ ва забономӯзӣ фаъолият менамоянд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 15 ихтисоси нав таъсис ёфт
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб омузгоронро барои ҳимояи рисолаи докторӣ бо 40 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид