НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маҷмуи маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Сангвор дар шаш моҳ ба 49 миллиону 900 ҳазор сомонӣ баробар гардид
САНГВОР, 28.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки кишоварзӣ дар ноҳия соҳаи асосӣ ва афзалиятнок ба ҳисоб рафта, зиёда аз 70 фоизи аҳолии қобили меҳнат дар ин соҳа фаъолият мекунад. Тибқи нақшаи дурнамо, имсол дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар 330 гектар ғаладонагӣ, дар 800 гектар картошка, дар 83 гектар сабзавот, дар 24 гектар зағир, дар 67 гектар лубиёгӣ ва дар 10 гектар хӯроки чорво кишт карда шудааст.
Дар баробари хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳар сокини ноҳия замини наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагии ёрирасонро самаранок истифода намуда, зироати барвақтӣ, аз қабили картошка, помидор, бодиринг, карам, қаламфури булғорию тез, сирпиёз ва дигар зироат кишт намуда, барои зимистонгузаронии хонаводаи худ захира менамояд. Маҷмуи маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Сангвор дар шаш моҳи соли 2025 ба 49 миллиону 900 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 се миллиону 91 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» дар ноҳияи Сангвор ба 103 корхонаи буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути кортҳои бонкӣ хизмат мерасонад. Шумораи истифодабарандагони кортҳои пластикӣ дар ноҳия ба 6 ҳазору 143 нафар расида, ба ин восита ҳамаи амалиёти бонкӣ ба таври ғайринақдӣ гузаронида мешавад. Корхона дар шашмоҳаи якуми соли равон ба сокинони ноҳияи Сангвор барои рушди соҳаи кишоварзию соҳибкорӣ ва дигар соҳаҳо 3 миллиону 909 ҳазору 185 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дод, ки ба зиндагии шоистаи сокинон мусоидат менамояд.
Зимни нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Сангвор бунёди 80 иншооти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба нақша гирифта шуда, як қисми он мавриди истифода қарор дода шудааст. Соли 2025 барои сохтмони асосии ноҳия аз буҷети маҳаллӣ 740 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






