НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар минтақаи Кӯлоб 20 иншоот бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 29.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ соли 2025 аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб сохтмони 20 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус сардори Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақа Аскаршо Соҳибзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон маълумот дод.
Ба иттилои Аскаршо Соҳибзода, сохтмони ин иншоот аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба нақша гирифта шудааст. Иншооти соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, соҳаи идоракунии давлатӣ ва соҳаи энергетикӣ аз ин ҷумла мебошанд.
Дар идомаи нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2024 то ин давра якчанд иншоот, аз ҷумла бинои Ҷамоати деҳоти Тутиёни ноҳияи Муъминобод, бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 барои 240 хонанда дар деҳаи Тудании Ҷамоати деҳоти Шуроободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 барои 240 хонанда дар деҳаи Дараи Боҳурии Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон сохта шуда, наҳри дохилии ҷамоати шаҳраки Баҳманруди ноҳияи Темурмалик барқарор гардид. Ҳамзамон Маркази назорати санитарию эпидемиологии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва дигар иншоот ба истифода дода шуданд.
То охири сол сохта, ба истифода додани 20 иншооти дигар дар назар аст.
Сулаймони ХОЛ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд






