НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?

Июль 11, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 11.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар назар аст, ки дар Тоҷикистон низоми таҳсили 12-сола ҷорӣ карда мешавад. Бо мақсади амалӣ намудан ва муҳайё сохтани заминаҳои мусоид барои татбиқи низоми таҳсили 12-сола қарор қабул гардид, ки дар давоми даҳ рӯз гурӯҳи байниидоравӣ таъсис дода шавад. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои дунё татбиқ мегардад?

Низоми таҳсили 12-сола дар кадом давлатҳо татбиқ мегардад?

Ба иттилои мутахассисон, яке аз самтҳои арзишманди ислоҳот ин ба сатҳи байналмилалӣ наздик сохтани низоми таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне гузаштан ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ (таҳсилоти 12-сола) эътироф гардидааст, зеро мутобиқи Декларатсияи шурои Аврупо (1992) таҳсилоти 12-соларо 216 кишварҳои ҷаҳон эътироф намудаанд.

Мувофиқи нишондодҳои ЮНЕСКО, таҳсилоти 12-сола дар 32 давлат аз синни 5-солагӣ, 129 кишвар аз 6-солагӣ, дар 23 кишвар аз 7- солагӣ аллакай ҷорӣ буда, дар 25 мамлакати дунё таҳсилоти 13-сола аз синни 6 солагӣ амал мекунад, аз ҷумла, дар ҷумҳуриҳои назди Балтика (Литва, Латвия, Эстония), Молдова, Украина, Арманистон, Гурҷистон ва ғайра ба роҳ монда шудааст.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи коркард, татбиқи технологияи инноватисонии таълим (таҳсилоти 12-сола)-и Пажўҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ Салоҳиддин Амонӣ иброз намуд, зарурати гузариш ба ин низом ҳанӯз солҳои 2009 ва 2011 дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардида буд. Зеро афзалияти гузариш ба Низоми таҳсилоти 12-сола инчунин дар ташкили таълим дар равияҳо, таҳсили касбӣ (дар сатҳи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ) мувофиқи истеъдоду қобилияти хонандагон бо назардошти хусусиятҳои инкишофи зеҳнӣ ва ҷисмонӣ, такмили самарабахши таҳсилоти босифат ҳамчун омили асосии рушди ҷомеа нақши муҳим хоҳад дошт.

Мақсади гузариш ба ин низом

«Ҳадаф ворид намудани тағйирот ба сохтор, аз ҷумла, ба ташкили зинаи якуми таҳсилоти ибтидоии (5 сола), таъмини таълим дар равияҳо ва таҳсили касбӣ (дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ) мувофиқи истеъдоду қобилияти хонандагон бо назардошти хусусиятҳои инфиродӣ, яъне сатҳи омодагӣ барои соҳиб шудан ба ин ё он касбу ҳунар ва идомаи таҳсил дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ сурат мегирад, хатмкунандагон дар баробари гирифтани аттестати муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ инчунин соҳиби шаҳодатнома дар бораи ин ё он ихтисос (касбу ҳунар) мегардад», — гуфт Салоҳиддин Амонӣ.

Сохтори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии 12-сола

Ба иттилои номбурда, сохтори ин низом ба таври зерин пешниҳод карда мешавад:

Зинаи якум — таҳсилоти ибтидоии умумӣ (синфҳои 1-5), давомнокии таҳсил 5 сол;

Зинаи дуюм — таҳсилоти умумии асосӣ (синфҳои 6-10), давомнокии таҳсил 5 сол;

Зинаи сеюм -таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 11-12), давомнокии таҳсил 2 сол;

Cарбории таълимии на зиёда аз 17-18 соат дар як ҳафта барои хонандагони синфҳои 1-и 6-сола.

Ба гуфтаи мутахассис, мазмуни барномаи таълими синфи 1-и 6-сола бояд дар асоси хоҳиш ва шавқу завқи бачагон, асосан мавзуъҳои шиносоӣ бо муҳити атроф, ташаккули салоҳияту малакаҳои ҳаётӣ, қобилияти муоширату муносибат, рушди малакаҳои гўш кардан, фикронӣ, баҳс кардан, мушоҳида кардан, баён кардан, пешниҳод кардан, шаклсозӣ (амсиласозӣ) ва ғайраро фарогир бошад ва ҳавасмандии хонандагони хурдсолро барои таҳсил дар зинаҳои баъдӣ муҳаё созад.

Афзалияти қабул ба синфи 1 аз 6-солагӣ ва гузариш ба таҳсилоти 12-сола

— фарогирӣ ба муассисаҳои томактабӣ беҳтар ва тақрибан як баробар зиёд мегардад;

— дар сурати фарогирии кӯдакони 6-сола ба таҳсил фардияти онҳо ошкор мешавад, малакаҳои хондан, хат, ҳисоб, унсурҳои тафаккури эҷодӣ, риояи асосҳои гигиенаи шахсӣ ва ҳифзи саломатӣ дар онҳо бештар ташаккул меёбад;

— дар зинаи таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ҷалби хароҷоти иловагӣ аз буҷети давлатӣ зуҳур нахоҳад кард;

— имкон фароҳам оварда мешавад, ки хонандагон дар синни 17-солагӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро хатм намоянд ва даъвати онҳо ба сафи Артиши миллӣ ба таври муқаррарӣ амалӣ мегардад.

— гузариш ба таҳсилоти ҳатмии асосии умумии 10-сола дар шароити гузариш ба таҳсилоти 12-сола пурра таъмин мегардад;

— барои ҷорӣ намудани таҳсилоти равиявӣ ва тахассусӣ имконият фароҳам оварда мешавад, аксари хонандагон пас аз хатми таҳсилоти умумӣ соҳиби сертификат ва ё диплом гардида, соҳиби касбҳои гуногун мегарданд;

— стандарт, нақшаю барномҳои нави таълим бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ таҳия карда мешаванд;

-китобҳои нави дарсӣ ва дастурҳои методӣ нашр ва дастраси хонандагону омўзгорон карда мешаванд;

— бештари хонандагон ба таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилот (11-12) фаро гирифта мешаванд;

— сарбории хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, махсусан зинаи якуми таҳсилот (синфҳои 1-4) кам карда мешавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 11, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ҳайати омӯзгорон ва хонандагон дар ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсӣ қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шарҳ дода шуданд
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2025» идома дорад
Ҷаласаи ситоди даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор гардид
«Гимназияи ба номи Ҷалол Икромӣ»-и ноҳияи Ховалинг барои 456 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Кӯлоб барои баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ ҳамоиш доир гардид
Доир ба Истиқлолияти давлатӣ ва рушди саноати миллӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ дар партави рушди маориф
САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар Тоҷикистон шумораи мактабҳои шакли нав бештар гардидааст
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон фанҳои табиию риёзӣ бештар рушд намуданд
МАОРИФ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Музди меҳнати кормандони ин соҳа давра ба давра беш аз 20 баробар зиёд карда шуд
МАОРИФ — ЗАМИНАИ УСТУВОРИ РУШДИ ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
ШУКУҲИ ИСТИҚЛОЛ. Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиш доир гардид