ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. 4 километр роҳи деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ мумфарш карда мешавад
ДУШАНБЕ, 27.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Шоҳбикаи Ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ мумфаршкунии роҳи дохили деҳа оғоз ёфт, ки 4 километрро дар бар мегирад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Иқдоми мазкур дар доираи ободонию созандагӣ амалӣ гардида, ифодаи равшани саҳми шахсони саховатпеша ва сокинони деҳа дар ободии диёр мебошад.
Ба иттилои масъулин, мумфаршкунии роҳ бо пешниҳоди ҷамоати деҳот ва маблағгузории сокинони деҳа ва шахсони хайрхоҳи деҳаи Шоҳбика амалӣ гардид. Тибқи нақша 4 километр роҳи дохилии деҳа бо сифати баланд мумфарш хоҳад шуд.
Иқдоми мазкур на танҳо мушкилоти нақлиётии сокинонро бартараф хоҳад кард, балки симои деҳаро боз ҳам зеботар намуда, барои зиндагӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ муҳити муносиб фароҳам меорад.
Сокинони деҳа аз ин иқдоми ободкорона истиқбол намуда, изҳори умедворӣ намуданд, ки чунин корҳои созанда минбаъд низ идома ёфта, деҳаи Шоҳбика ба мавзеи намунавии деҳот табдил меёбад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд






