Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт

Июль 13, 2025 09:30

ДУШАНБЕ, 13.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои охир соҳаи саноат дар шаҳри Панҷакент мунтазам рушд ёфта, дар ин самт нишондиҳандаҳои назаррас ба даст омадааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ шаҳри Панҷакент яке аз аввалинҳо шуда, аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт.Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 7,4 миллион сомонии соли 2000-ум ба 6,3 миллиард сомонӣ дар соли 2024 расидааст, ки садҳо баробар зиёд мебошад. Ин матлабро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 июли соли равон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Панҷакент баён намуданд.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки «дар панҷ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа ба 2,7 миллиард сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,5 фоиз зиёд гардидааст. Вале дар назар бояд дошт, ки афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ асосан аз ҳисоби Корхонаи муштараки «Зарафшон» ба вуҷуд омадааст. Таъкид менамоям, ки тибқи талаботи ҳадафи саноатикунонии босуръат рушди соҳаи саноат ҳамасола бояд на кам аз 20 фоиз таъмин карда шавад».

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди шаҳри Панҷакент конҳои тилло, нуқра, симоб, сурма, қалъагӣ, волфрам, флюорит, фосфорит, ангиштсанг ва санги мармар, дар маҷмӯъ, 328 кони маъдан мавҷуданд, ки барои рушди шаҳр аҳаммияти калони иқтисодӣ доранд. Ҳоло дар шаҳр 52 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад, ки нисбат ба соли гузашта 7 корхона зиёд мебошад.

«Калонтарин корхонаҳои шаҳри Панҷакент, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолии кишвар таъсис ёфтаанд, ба монанди Корхонаи муштараки «Зарафшон», корхонаҳои «Мармари Саразм», «Парандис», «Бротек Тоҷикистон», «Дарё – 2015», «Маҳсул», «Дион – Ангишти Тоҷикистон», «Сиёвуш» ва «Шероз» аз ҷумлаи онҳо мебошанд»,-хотиррасон намуданд Пешвои миллат.

Бояд гуфт, ки корхонаҳои мазкур ба истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва ранга, масолеҳи сохтмон, ангишт, хӯрокворӣ, либоси мактабӣ ва дигар намудҳои маҳсулоти саноатӣ машғуланд. Танҳо дар сохтори Корхонаи муштараки «Зарафшон» 6 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 2900 нафар корманд фаъолият доранд. Соли 2023 дар корхонаи мазкур бо истифода аз технологияҳои пешрафтатарин аввалин бор дар кишвар истеҳсоли миси металлӣ ба роҳ монда шуд, ки маҳсулоти ниҳоии аълосифати он ба хориҷи кишвар содирот шуда истодааст.

Июль 13, 2025 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар теппаҳои шоҳроҳҳои Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ беш аз 106 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти кишоварзони шаҳри Исфара шинос гардид
Рушди ҳамкории тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баррасӣ гардид
АФЗОИШИ ИЗОФАНАВИСИИ ЭНЕРГИЯИ БАРҚ БА СУРАТҲИСОБИ МУШТАРИЁН. Агентии назорати давлатии энергетикӣ дар ин хусус иттилоъ медиҳад
ТАЪСИРИ ОМИЛИ ИНСОНӢ. Бо рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ он дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш меёбад
Ҷаласаи панҷуми Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи дастгирии энергетикаи устувор баргузор гардид
Дар Тоҷикистон нахустин Намоишгоҳи байналмилалии ҳалли бастубанд барои саноати хӯрокворӣ ва ғайрихӯрокворӣ баргузор мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар самти рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ тақвият медиҳанд
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2025 дар Тоҷикистон дар беш аз ҳазор гектар ҷангал бунёд карда шуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Абузабӣ оид ба рушд Созишномаи молиявӣ ба имзо расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба 2147 шахси воқеию хуқуқӣ ба маблағи зиёда аз 3 миллион сомонӣ маблағи суғуртавӣ пардохт гардид