Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо ифтитоҳи бинои Раёсати молия оғоз ёфт

Июль 20, 2025 07:30

ДУШАНБЕ, 20.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ва суҳбат бо аҳли заҳмат бо сафари корӣ ба ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварданд.

Сафари кории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтитоҳи бинои Раёсати молияи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оғоз ёфт.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои Раёсати молия дар ноҳия илова ба нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ бо маблағгузории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд гардид.

Масоҳати умумии бино 749 метри мураббаъро ташкил дода, он аз 3 ошёна ва 12 ҳуҷраи корӣ, толори калон ва хурди маҷлис иборат мебошад. Дар иншооти нав барои фаъолияти босамари 30 корманди соҳаи молияи ноҳия шароити корӣ муҳайё гардидааст.

Аснои шиносоӣ бо шароиту имконоти корӣ дар бинои нави Раёсати молияи ноҳия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандонро барои татбиқи босамари талаботи молиявӣ, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, роҳандозии дақиқу дурусти ҳисоботи молиявӣ ва омӯзиши низоми муосири молиявӣ вазифадор намуданд.

Сохтмони бино аз моҳи апрели соли 2024 аз тарафи коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Имрон Сармоя” оғоз ёфта буд.

Дар атрофи бино корҳои ободонӣ анҷом дода шуда, гулу бутта ва дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ онро зиннат бахшидааст. Роҳравҳои назди бино сафолакпӯш карда шудааст. Намои берунаи бино ва қомат афрохтани он ба ҳусни маркази ноҳия зебоии тоза зам кардааст.

Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ва ифтитоҳи бинои Раёсати молияи ноҳия 20.07.2025

Июль 20, 2025 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд