Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд

Июль 13, 2025 08:56

ДУШАНБЕ, 13.07.2025 /АМИТ «Ховар»/.  13 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд.

Нахуст корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии пенополистролӣ ба кор дароварда шуд.

Корхонаи нав дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи соҳибкорони шаҳри Хуҷанд бунёду муҷаҳҳаз карда шудааст.

Ширкати истеҳсоли масолеҳи сохтмонии пенополистролӣ бо бунёди иншооти истеҳсолию инфрасохтори соҳаи саноат дар масоҳати 0,31 гектар ва бо насби технологияи стандартҳои аврупоӣ таъсис дода шудааст.

Корхонаи нав дар асоси иҷрои раҳнамоиҳои Сарвари давлат зимни боздид аз корхонаи коркарди меваю сабзавоти ширкати Сирдарё 2 июли соли 2020 аз тарафи соҳибкорони ватанӣ бародарон Каримовҳо бунёд карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни истеҳсоли маҳсулоти корхона шинос шуда, ба саҳму иқдоми соҳибкорони ватанӣ ва мутахассисони ҷамъиятро дар роҳи татбиқи ҳадафҳои созандаи ҳукумат шоиста арзёбӣ намуданд.

Дар корхонаи навтаъсис истеҳсоли масолеҳи сохтмонии пенополистролӣ дар технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст. Ашёи хом — ғурӯшаҳои пенополистролӣ дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ аз Эрон ва Чин харидорию таъмин карда мешавад.

Иқтидори хатти технологӣ истеҳсоли то 150 метри мукааб маҳсулот мебошад.

Дар корхона тавассути таҷҳизоти соҳавӣ истеҳсоли бепартов ба роҳ монда шудааст. Пасмондаи маҳсулот тавассути хатти алоҳида коркард гардида, аз он ғурӯша истеҳсол ва ба коркарди нав интиқол меёбад.

Соҳибкорону мутахассисони корхона нақша доранд ҳамчунин, намудҳои ба истеҳсолоти пенополистрол мутобиқи партовҳои сахти маишӣ, чун пенопласт-пӯкро аз нав коркард намуда, дар истеҳсолот истифода ва аз он маҳсулот истеҳсол кунанд.

Корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии пенополистролӣ аз нахустин корхонаҳои ин соҳа ва дар таъмини талаботи бозори дохилӣ бо ин маҳсулот иқдоми муҳим мебошад.

Қаблан масолеҳи сохтмонии пенополистрол аз хориҷи кишвар ворид карда мешуд. Корхона иқтидор дорад, ки дар 1 моҳ аз 3 то 3,2 ҳазор метри мукааб ва дар 1 сол 40 ҳазор метри мукааб ин маҳсулоти сохтмониро истеҳсол ва ба бозор пешниҳод намояд.

Дар корхонаи нав коргарону мутахассисони маҳаллӣ бо кори доимии баландмузд таъмин гардидаанд.

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо 4 коргоҳи нави дигари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.

Ин коргоҳҳои сарпӯшҳои металлӣ, нӯшокиҳои ташнагишикан,  коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли ях мебошад.

Соҳибкорони ҷамъият бо вориди хатти технологӣ аз хориҷи кишвар истеҳсоли сарпӯшҳои металлиро барои зарфҳои консерваи меваю сабзавот ба роҳ мондаанд. Дар таҷҳизот 2 намуди маҳсулот-сарпӯшҳо барои зарфҳои шишагӣ ва зарфҳои твистофф истеҳсол карда мешаванд.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳ истеҳсоли 50 ҳазор дона дар як рӯз ва то 1,5 миллион дона дар як моҳ сарпӯшҳои металлӣ буда, соҳибкорон дар таъмини талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ саҳм мегузоранд.

Сарпӯшҳои металлӣ барои зарфҳои маҳсулоти консервӣ ивазкунандаи воридот мебошанд. Сарпӯшҳои металлӣ барои зарфҳои шишагӣ дар ҷумҳурӣ давоми 5 моҳи соли 2025 ба миқдори беш аз 282 тонна, ба маблағи 518 ҳазор доллар аз хориҷи кишвар ворид карда шудааст.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ танҳо 2 корхона – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Кошона группи шаҳри Хуҷанд ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи босифат-Зубайди шаҳри Душанбе ба истеҳсоли ин маҳсулот машғул буда, дар ҳарду корхона якҷоя дар 5 моҳи соли 2025 беш аз 6 миллион дона сарпӯшҳои металлӣ истеҳсол карда шудааст.

Бо таъсиси корхонаву коргоҳҳои нав ҳиссаи “Сирдарё”, ки дар он истеҳсоли 5 номгӯи нави маҳсулоти саноатӣ ба роҳ монда шудааст, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии шаҳри Хуҷанд боло меравад.

Ин гуна иқдомҳои соҳибкорони ватанӣ собитгари он аст, ки бо таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, бо истифода аз дастгириҳои давлатии соҳибкорӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ нақшу саҳми соҳибкорони ватанӣ дар рушди саноат, тиҷорату робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва рушду ободонии Ватан меафзояд.

Дар таъмини бозори дохилӣ бо сарпӯшҳои металлӣ ҳисаи истеҳсоли ватанӣ 22,6 фоиз ва воридот 77,4 фоизро ташкил додааст. Аз ин рӯ, иқдоми соҳибкорони ҷамъияти Сирдарёи шаҳри Хуҷанд дар ин ҷода шоиста арзёбӣ гардид.

Коргоҳи нӯшокиҳои ташнашикан бо вориди ду хатти технологии истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Аврупо таъсис дода шудааст.

Нӯшокӣ дар хатти якуми технологӣ дар зарфҳои алюминӣ ва дар хатти дуюми технологӣ дар зарфҳои шишагӣ истеҳсол мегардад.

Таҷҳизоти пешрафтаи давлатҳои Олмону Чин ва донишу маҳорати мутахассисон имкон медиҳад, ки маҳсулоти босифат ва мутобиқ ба стандартҳои баланд истеҳсол карда шавад.

Дар коргоҳи нав нӯшокиҳои ташнашикан бо таъми меваю сабзавот ва гиёҳу растаниҳои шифобахш истеҳсол мегардад.

Дар ширкати Сирдарё коргоҳи нави коркарди меваю сабзавот ба фаъолият оғоз намуд, ки коргоҳи дуюми соҳа дар ҷамъият мебошад.

Коргоҳи аввали коркарди меваю сабзавот аз соли 2009 бо иқтидори коркарди 500 тонна меваю сабзавоти тар дар мавсим фаъолият менамояд. Бо таъсиси коргоҳи дуюм иқтидори корхона дар коркарди меваю сабзавоти ватанӣ то ба 300 тонна дар мавсим зиёд мегардад.

Технологияи муосири соҳа, ки аз Аврупо ворид карда шудааст, имкон медиҳад, ки ҳаҷми коркарди меваю сабзавот зиёд, маҳсулот аз он босифат, бехатар, мутобиқ ба стандарт истеҳсол карда шавад.

Ҳамчунин, соҳибкорони ватанӣ корхонаи истеҳсоли яхро таъсис додаанд. Ях ҳамчун маҳсулоти иловагии хунуккунӣ барои нӯшобаву нӯшокиҳои ташнашикан, нигаҳдории босифати маҳсулоти ғизоии гуногун дар вақти ҳарорати баланди ҳаво истифода мегардад.

Ҳамаи чор коргоҳи истеҳсолӣ дар масоҳати 2,8 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфтааст.

Дар корхонаву коргоҳҳои нав 30 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шудаанд.

Барои фаъолияти босамар ва мутобиқ ба меъёрҳои ҳамаи корхонаву коргоҳҳои ҶДММ Сирдарё инфрасохтори лозимаи барқу гармидиҳӣ, роҳу коммуникатсия, оби техникӣ, оби нӯшокӣ ва иншооти ёрирасони дигар бунёду навсозӣ карда шуд.

Соҳибкорони ватанӣ дар баробари нақши босазо дар рушди саноат дар корҳои ободонии шаҳри Хуҷанд саҳмгузорӣ менамоянд. Бо саҳми онҳо дар маҳаллаи Раззоқ роҳи кӯчаю хиёбон мумфаршу чароғон гардида, мағозаи фирмавӣ бунёд ва барои сокинону меҳмонон мавзеъи истироҳатӣ обод карда шудааст. Майдончаи варзишии замонавӣ, ки бо саҳми бародарон Каримовҳо дар ин мавзеъи соҳили Сирдарё бунёд карда шудааст, барои сокинони маҳалла, хусусан ҷавонону наврасон имконияту шароити хубро барои машқу тамрини варзишию тарбияи ҷисмонӣ ва баргузории чорабиниҳои варзишӣ фароҳам овардааст.

Бо саҳму иқдоми муассис ва соҳибкорони ҷамъияти Сирдарё дар ин мавзеъ чоҳи амудӣ дар чуқурии 132 метр сохта шудааст, ки оби нӯшокии тоза медиҳад. Ҳамаи маҳсулоти ғизоии корхонаву коргоҳҳои ширкат бо ин оби тоза истеҳсол карда мешаванд ва таркибу сифати баланди онҳо таъмин мегардад.

Дар ҳудуди корхонаи нави ҶДММ Сирдарё Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоишгоҳи маҳсулоти корхонаву коргоҳҳои ҷамъият шинос шуданд.

Дар намоишгоҳ маҳсулот аз коркарди меваю сабзавот-афшураю хамира, ғизои кӯдакона, нӯшокиҳои ташнагишикан дар зарфҳои шишагӣ, зарфҳои алюминӣ ва дар зарфҳои тетропаку пластикӣ, сарпӯшҳои металлӣ, масолеҳи бинокории пенополистролӣ, қуттиҳои картонӣ, оби нӯшокӣ дар зарфҳо, дар маҷмуъ беш аз 10 номгӯй ва беш аз 25 навъу намуди маҳсулоти худии соҳибкорони ватанӣ пешниҳоду муаррифӣ гардид.

ҶДММ Сирдарё дар афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, номгӯй, навъу намуд, маҳсулоти мутобиқ ба сифату стандарт, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва содирот саҳми арзанда дорад. Масалан, ҷамъият то ин давраи соли равон беш аз 120 тонна зардолуи тари хоҷагиҳои ноҳияҳои Ашту Бобоҷон Ғафуровро қабулу коркард ва аз он маҳсулоти консервагӣ истеҳсол намудааст.

Дар 6 моҳи соли равон ба маблағи наздики 600 ҳазор сомонӣ афшураҳои меваю сабзавот аз ҷамъият ба хориҷи кишвар содир карда шудааст.

Ифтитоҳи хатти нави корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии пенополистролӣ ва коргоҳҳои сарпӯшҳои металлӣ, нӯшокиҳои ташнашикан, коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли ях дар ҶДММ Сирдарёи шаҳри Хуҷанд 13.07.2025

Июль 13, 2025 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд