Вакили Маҷлиси намояндагон барои ҳайати шахсии Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ машғулияти сиёсӣ доир намуд

Июль 5, 2025 10:49

ДУШАНБЕ, 05.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 июли соли равон бо ташаббуси Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои афсарону сарбозон машғулияти тайёрии ҷамъиятӣ ва давлатӣ оғоз гардид. Тибқи нақшаи машғулият, бо ҳайати шахсӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода дар мавзуи «Нақши Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва тақвияти ҳамкории глобалӣ дар масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо» маъруза намуд.

Дилноза Аҳмадзода аз ҷумла гуфт, ки 29- 31 майи имсол дар шаҳри Душанбе нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид. Ҳамоиши сатҳи баланд дар «Кохи Сомон»-и бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки беш аз 2500 коршиноси сатҳи баланд аз 80 кишвар, роҳбарони ҳайатҳои як қатор ҳукуматҳо, намояндагони воломақоми созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва шарикони рушд баргузор шуд.

«Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ иброз намуданд, ки ҳамоиши сатҳи баланд барои табодули афкор вобаста ба ин мавзӯи ҳаётан муҳим, инчунин, истифодаи оқилонаи захираҳои об арсаи муколамаи судмандро фароҳам меорад. Сарвари давлаттаваҷҷуҳи коршиносонро ба масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо, ки имрӯз ба як буҳрони глобалии замони мо табдил ёфтааст, ҷалб карда, коҳишёбии онро раванди ташвишовар дар таърихи инсоният арзёбӣ намуданд»,-изҳор намуд вакили Маҷлиси намояндагон.

Дилноза Аҳмадзода таъкид намуд, ки «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тағйирёбии иқлим, коҳишёбии бесобиқаи пиряхҳо ва оқибатҳои фоҷеабори он барои аҳолии сайёра бо таҳлилҳо андешаронӣ намуда, зарур шумурданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои дарёфти ҳалли ин мушкилот бояд талошу кӯшиши муштарак ба харҷ диҳанд. Таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон низ, ҳамчун кишвари дорои бузургтарин пиряхҳои Осиёи Марказӣ, ба ин мушкилот дучор шудааст. Сарвари давлат иброз доштанд, ки камшавии пиряхҳо на танҳо ба мероси табиии мо, балки ба ҳаёти миллионҳо нафар дар минтақа таҳдид мекунад».

Иброз карда шуд, ки пиряхҳои Тоҷикистон на танҳо манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд, балки дар нигоҳдории устувории иқлими минтақа нақши калидиро иҷро намуда, барои ҳифзи иқлими глобалӣ низ аҳаммияти муҳим доранд ва зимнан, ҳолати кунунии ин пиряхҳо таҳқиқоти илмии дақиқро талаб мекунад.


Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон тайи бист соли охир рӯзномаи об ва иқлимро дар арсаи байналмилалӣ фаъолона пешбарӣ намуда, ҳамзамон бо ин, зарурати вокуниши фаврию муштаракро барои ҳифзи пиряхҳо таъкид мекунад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки бо дарназардошти аҳаммияти масъалаи мазкур, бо ибтикори Тоҷикистон дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 март «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» эълон гардида, дар назди Созмони Милал Бунёди эътимоди байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд. Зарур шумурда шуд, ки давлатҳо ва созмонҳои байлналмилалию минтақавӣ бо мақсади таъмини фаъолияти босамари ин Бунёд, ҳарчи бештар саҳми молиявии худро гузоранд.

Бо назардошти муҳимияти масъалаи мазкур, баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа оид ба масъалаи обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат ташкили чунин машғулияти сиёсӣ мубрам арзёбӣ карда шуда, дар қисмати ҷамъбасти машғулият саволу ҷавоб доир гардид.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 5, 2025 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Машқҳои ҳарбии муштараки «Бародарии шикастнопазир-2025», «Монеа-2025» ва «Иттиҳоди зиддитеррористӣ-2025» анҷом ёфтанд
Дар Тоҷикистон марҳилаи ниҳоии машқҳои муштараки зиддитеррористии мақомоти салоҳиятдори кишварҳои ИДМ «Иттиҳод-Антитеррор-2025 баргузор гардид
Дар Душанбе Конфронси сеюми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ баргузор гардид
Машқҳои неруҳои дастҷамъии посдори сулҳи СААД барои аз байн бурдани манбаъҳои таҳдидҳои биологӣ анҷом ёфт
«АХЛОҚ ВА ТАРТИБОТ». Дар Душанбе фаъолияти 17 маркази дилхушӣ қатъ карда шуд
Дар Самарқанд нахустин мулоқоти вазирони мудофиаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар Тоҷикистон 86 фоиз иҷро гардид
Дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии ИДМ амалияи татбиқи шартномаҳо оид ба ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Прокуророни Тоҷикистон ва Узбекистон масоили мубориза бо ҷиноятҳои фаромарзӣ ва муташаккилро баррасӣ намуданд
Машқҳои муштараки неруҳои сулҳҷӯёнаи кишварҳои СААД бо номи «Бародарии шикастнопазир-2025» оғоз шуданд
Байни Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории мақомоти прокуратураҳои ҳарбӣ ду Созишнома ба имзо расид
Дар Тоҷикистон бо мақсади коҳиш додани сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» гузаронида мешавад