Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раванди корҳо дар майдончаи сохтмонии №5А-и НБО «Роғун» шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 26.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 август дар идомаи боздиди корӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди корҳо дар майдончаи сохтмонии №5 А шинос шуданд.
Дар майдончаи сохтмонии №5 А қубурҳои обкаши шахтаҳои обқабулкунакҳои доимӣ барои агрегатҳои неругоҳ омода карда мешаванд.
Корҳои асосии омодасозии қубурҳои обпарто барои иншооти муҳими гидроэнергетикии Тоҷикистон – Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи таҷрибавии механикӣ»-и шаҳри Норак ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Тоҷикгидромонтаж иҷро менамоянд.
Ҳоло дар ин қитъаи сохтмонӣ корҳои кафшергариву омодасозии қубурҳо идома доранд. Ин қубурҳо дар обқабулкунаки агрегатҳои №3 ва №4 истифода мешаванд.
Қубурҳои мазкур дар шакли нимдавра дар «Заводи гидромеханикӣ»-и шаҳри Норак бо истифода аз масолеҳи баландсифат омода гардида, ба неругоҳ ворид карда шудаанд.
Дар майдончаи мазкур мутахассисони «Заводи таҷрибавию механикӣ»-и шаҳри Норак ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи Тоҷикгидромонтаж васли қубурҳои шахтаи обрасонӣ-турбинаи агрегати рақамҳои 3 ва 4-ро бо суръату сифати баланд ба роҳ мондаанд.
Вазифаи асосии ин ширкатҳои ватанӣ омодасозӣ ба васли трубинаҳои обрасонии агрегатҳои рақамҳои аз 1 то 6 мебошад. Ҳоло корҳо барои таъмини трубинаҳои обрасонии агрегатҳои 4-3 идома доранд.
То имрӯз барои трубинаи обрасонии агрегати рақами 3 дар ҳаҷми 1945 тонна оҳанфулузоту қубурҳо омода гардида, аз ин 141,5 тонна васл шудааст.
Омодасозии трубинаҳои обрасонии агрегати 4-ро бошад, ҶСК «Тоҷикгидромонтаж» ба зима дошта, то имрӯз ба андозаи 1885 тонна оҳанфулузот кафшер карда шудааст. Аз ҳаҷми умумӣ 554,5 тонна оҳанфулузот васл гардидааст.
Бо дар назар гирифтани талабот мутахассисони ширкатҳои ватанӣ талош доранд, қубурҳои мазкурро дар муҳлати муқарраргардида омода созанд. Васлу омодакунии қубурҳои шахтаҳои обрасонӣ – турбинаҳо ва шахтаи обқабулкунакҳои доимии агрегатҳо тибқи нақшаи пешбинигардида ҷараён дорад. Теъдоди коргарон дар ин қитъаи сохтмонӣ аз ҳисоби ҶСП «Заводи таҷрибавии механикӣ» 90 нафар дар ду баст мебошад.
Бо таваҷҷуҳ ба аҳаммияти кор дар ин иншооти мураккаби муҳандисӣ, бунёдгузори «Роғун», Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти ҳар бинокор дар ин корзори нангу номусро мояи сарфарозӣ арзёбӣ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҶСП «Заводи таҷрибавии механикӣ» тайи чанд моҳи охир дастгоҳу таҷҳизоти муосирро харидорӣ карда, ҷиҳати босифат анҷом додани корҳои кафшергарӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Махсусан аз оғози соли равон ба майдони сохтмон 4 дастгоҳи худкори кафшергарӣ ва магнитӣ харидорӣ шудааст. Фаъолияти дастгоҳҳои мазкур назаррас буда, барои пешрафти босамари кор мусоидат кардааст. Таҷҳизоти замонавӣ насли нави технологияи инноватсионӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.
Сифати тадбирҳои кафшергарӣ тавассути дастгоҳҳои ултрасадо аз ҷониби мутахассисон санҷида шуда, аз тарафи фармоишгар қабул карда мешавад.
Инчунин кормандони ҶСП «Заводи таҷрибавии механикӣ» бо гузаштани давраҳои омӯзишии кафшергарӣ аз ҷониби мутахассисони хориҷӣ соҳиби шаҳодатномаи байналмилалӣ гардидаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти ин қитъаи сохтмонӣ ба мутахассисон дастур доданд, ки, пеш аз ҳама, ба сифати корҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад, зеро ин иншоот бояд садсолаҳо барои наслҳои оянда хизмат кунад.
Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти ҶСП «Заводи таҷрибавии механикӣ»-и шаҳри Норак воридоти хатҳои истеҳсолии муосирро васеъ ба роҳ мондааст. Илова ба харидории роботҳои кафшергар, инчунин таҷҳизоти муосири дигар, ки тавассути об иқтидори то 12 сантиметр буридани оҳанро дорад,ворид карда шудааст. Технологияи навтарин кори бинокоронро чандин маротиба бештар суръат бахшидааст.
Зимни боздид аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин Сарвазири кишвар муҳтарам Қоҳир Расулзода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.









СОЛИ 2026 – СОЛИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Сарзамини куҳанбунёд, аммо тозаистиқлоли мо 35-сола мешавад
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсиониро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатиро дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо 100 кас аз ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои фаннию байналмилалӣ ва ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои баландошёнаи истиқоматии хайриявии Эҳсонро бо маркази савдо ва хизматрасонӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар ҶДММ «Шифобахши Аср»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 7 муассисаи соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуда, бо лоиҳаҳои бунёди 4 муассисаи соҳаи маориф ва 1 иншооти соҳаи варзиш шинос шуданд






