35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Кӯлоб беш аз 5 иншооти аз 10 то 12-ошёна сохта мешавад

Август 11, 2025 18:30

КӮЛОБ, 11.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб дар шашмоҳаи якуми соли равон ба маблағи 106 миллиону 869,3 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ва васлгарӣ иҷро гардидаанд, ки нисбат ба шаш моҳи соли 2024 20 миллиону 339,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода иттилоъ дод.

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд, навсозӣ ва таъмири 494 иншоот ба нақша гирифта шуда, аз ин шумора то имрӯз 400 иншоот ба истифода дода шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар шаҳри Кӯлоб сохтмони беш аз 5 иншооти баландошёна, ки ҳар кадомаш аз 10 то 12-ошёнаро дар бар мегирад, идома дорад. Ин биноҳо то ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 11, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд