Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад

Август 16, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 16.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Байни Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубани Федератсияи Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар доираи ин санад ҳамкории илмию таълимии ин муассисаҳо тақвият дода шуда, омӯзгорону хонандагони литсей аз таҷриба ва дастовардҳои илмию таълимии Донишгоҳи давлатии Кубан бархурдор мегарданд.

Ҷонибҳо барои қабул ва идома додани таҳсили хатмкунандагони литсей дар донишгоҳ дар доираи квотаҳои Федератсияи Русия,  мубодилаи маводи таълимию методӣ, ташкили мактаби тобистона барои хонандагону омӯзгорони литсей, гузаронидани конфронсҳо, машваратҳо, форумҳои муштараки байналмилалӣ, ташкили санҷиши забон, таърих ва фарҳанги русӣ ва додани сертификати Федератсияи Русия барои будубош ва фаъолияти меҳнатӣ дар Русия ба шаҳрвандон ба мувофиқа расиданд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 16, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд