«АНДАЛЕБ». Даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ идома дорад

Август 19, 2025 10:56

ДУШАНБЕ, 19.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб» идома  дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб» ҳамасола дар мамлакат бо мақсади рушди фаъолияти дастаҳои ҳунарӣ, дарёфти чеҳраҳои нави санъаткор, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба фарҳангу ҳунар ва баланд бардоштани нақши ансамблу гурӯҳҳои эҷодӣ дар раванди тарбияи ҷавонону наврасон баргузор мегардад.

Фестивал-озмун дар се давр гузаронида мешавад. Даври якум аз 10 июн то 25 июл дар сатҳи маҳал баргузор гардид. Даври дуюм аз 1 август то 20 сентябр дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир карда мешавад.

Дар назар аст, ки даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб» бо баргузории барномаи фарҳангии гулчини фестивал-озмун моҳи октябр дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.

Дар фестивал-озмун суруду оҳангҳое пешниҳод мегарданд, ки  дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакатро инъикос менамоянд. Муҳтавои онро тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, расму ойин, истиқлолу озодӣ, дӯстию ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистон, анъанаву ҳунарҳои бадеии халқӣ ва мероси пурғановати фарҳанги миллӣ фаро мегиранд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 19, 2025 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд