Байни Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Шабакаи зиддитеррористии Осиёи Марказӣ дар Подшоҳии Муттаҳида Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 12.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шабакаи зиддитеррористии Осиёи Марказӣ дар Подшоҳии Муттаҳида Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Санади мазкур дар ҳошияи мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кэтрин Смиттон, ки 12 август дар Душанбе баргузор гардид, ба имзо расид.
Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, терроризми байналмилалӣ, ифротгароии динию сиёсӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ки ба амнияти миллӣ ва рушди устувори минтақа таҳдиди ҷиддӣ доранд, баррасӣ гардиданд.
Имзои Ёддошти тафоҳум байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шабакаи зиддитеррористии Осиёи Марказӣ дар Подшоҳии Муттаҳида дар самтҳои мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, терроризми байналмилалӣ, ифротгароии динию сиёсӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ заминаи ҳамкории мутақобил хоҳад гузошт.
АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон









ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд






