Беш аз 5 километр роҳҳои дохилии маҳаллаи «40-солагии Дилварзин» мумфарш карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 31.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 5 километр роҳҳои дохилии маҳаллаи «40-солагии Дилварзин»-и Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ мумфарш карда мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.
Ин ташаббусро соҳибкорони деҳаҳои Табушн ва Сабағ пеш гирифтанд. Онҳо тасмим гирифтаанд, ки кӯчаҳои асосии маҳалларо пурра мутобиқ ба талаботи муосир мумфарш намоянд.
Илова бар роҳсозӣ сокинони маҳалла ният доранд кӯчаҳоро пурра чароғон намуда, дар беҳтарсозии шароити зиндагии аҳолӣ ва симои зебои маҳалла саҳм гузоранд.
Бояд гуфт, ки давоми даҳ соли охир бо ташаббуси сокинон даҳҳо чоҳи амудӣ кофта шуда, аҳолӣ пурра бо оби нӯшокӣ таъмин гардид.
Маҳаллаи «40-солагии Дилварзин» дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ бунёд шуда, имрӯз ба яке аз маҳаллаҳои босуръат рушдёбандаи ноҳияи Мастчоҳ табдил ёфтааст. Дар он зиёда аз 500 хонавода бо беш аз 2 ҳазор сокинон истиқомат мекунанд. Аксарияти аҳолии маҳалла аз деҳаҳои Табушн, Сабағ, Истошон ва Валиғонди деҳоти Палдорак мебошанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






