Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа андозаҳои нави нафақаҳоро номбар намуданд

Август 9, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 09.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда мешаванд. Дар ин маврид 8 феврали соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоти буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба тасвиб расид.

8 август зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар натиҷаи амалисозии ин фармон нафақаи суғуртавӣ, меҳнатӣ, иҷтимоӣ ва заминавӣ мавриди индексатсия қарор мегирад:

— нафақаҳои суғуртавӣ аз 470, 57сомонӣ ба 517,63 сомонӣ баробар карда мешаванд.

— нафақаҳои меҳнатӣ аз 586 сомонӣ ба 644,65 сомонӣ баробар карда мешавад.

— нафақаҳои иҷтимоӣ аз 330,60 сомонӣ ба 366,66 сомонӣ баробар карда мешаванд.

— нафақаҳои заминавӣ аз 325 сомонӣ ба 357,50 сомонӣ баробар карда мешаванд.

Иброз гардид, ки индексатсияи нафақаҳо шуруъ аз моҳи сентябри 2025 бо назардошти зиёдшавии онҳо пардохт мегардад.

Маблағи нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ пурра ба тариқи ғайринақдӣ амалӣ шуда, тавассути Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» пардохт карда мешавад.

Бояд гуфт, ки бо мақсади ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон, бахусус насли калонсоли мамлакат бо мусоидату дастгирӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати ҷумҳурӣ, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Барои мисол, ҳаҷми маблағи хизматрасонӣ барои нафақагирон дар ҷумҳурӣ сол то сол зиёд мегардад. Аз ҷумла, соли 2025 маблағгузории пардохти нафақа ба андозаи 2 миллиарду 485 миллион сомонӣ таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 632 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Инчунин 8 август зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ дода шуд, ки дар ҷумҳурӣ шумораи умумии нафақагирон ба ҳолати 1 июли соли 2025 858 ҳазору 191 нафар ва шумораи умумии нафақагирони маъюб 170 ҳазору 052 нафарро ташкил дод. Аз ҷумла, гурӯҳи якум — 18 ҳазору 220 нафар, гурӯҳи дуюм — 83 ҳазору 691 нафар, гурӯҳи сеюм — 33 ҳазору 317 нафар, маъюбони аз овони кӯдакӣ то 18-сола- 34 824 нафар, шумораи кӯдакони ятими кулл-1149 нафар, шумораи кӯдакони нимятим- 77 649 нафар, шумораи маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон (1941-1945) — 15 нафар ва шумораи иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ақибгоҳ 117 нафарро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқи аҳолии калонсол тибқи моддаи 39-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя карда мешавад. Дар он омадааст, ки ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад.

Моҳинави НАВРӮЗ
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар

Август 9, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд