Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ бинои иловагии таълимӣ, кӯдакистон ва толори варзишӣ ба истифода дода мешавад
ТУРСУНЗОДА 27.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода муассисаи томактабии хусусӣ бо номи «Олами афсона» мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар ин хусус раиси Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода Усмоналӣ Қодирзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Кӯдакистон бо беҳтарин шароит бунёд гардида, дар он ошхонаи замонавӣ, ҳуҷраҳои хоби кӯдакон бо катҳои хоб ва дигар имконияти маишӣ муҳайё гардидааст. Дар ин ҷо 80 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Тибқи иттилои масъулини Ҷамоати деҳоти Қаратоғ, дар арафаи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҷамоат 9 иншоот, аз қабили биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №95, №102, №36, №91, №44, №90 бо теъдоди 42 синфхона ба истифода дода мешавад. Дар онҳо барои 1050 хонанда дар як баст ҷойи нишаст муҳайё карда мешавад. Ҳамчунин дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и деҳаи Шурхок кӯдакистон барои 30 нафар ва дар деҳаи Имоми Аъзам толори варзишӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.
Баъди ба истифода додани биноҳои иловагии муассисаҳои таълимӣ мушкилоти ҷойи нишаст бартараф мегардад.
АКС: Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода








Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд






