Дар Бадахшон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ беш аз 225 миллион сомониро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 10.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шашмоҳаи якуми соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 225,7 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 6,8 миллион сомонӣ афзудааст. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра ба 102,8 миллион сомонӣ расонида шуд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки дар ин давра дар вилоят 91,5 гектар боғи нав бунёд карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 57,2 гектар ё 2,6 маротиба зиёд мебошад.
Алишер Мирзонабот изҳор намуд, ки дар вилоят соҳаи саноат бемайлон рушд намуда, шумораи корхонаҳои саноатӣ 183 ададро ташкил медиҳад. Дар нимсолаи аввал дар вилоят 45 корхонаю коргоҳ бо 360 ҷойи кори нав мавриди истифода қарор дода шуд. Чунин раванди саноатикунонӣ бесобиқа мебошад.
«Таъмини истиқлоли энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Соли равон зимни сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа ва неругоҳҳои хурди обӣ ва офтобӣ дар ноҳияҳои Рӯшон, Дарвоз ва Мурғоб ба истифода дода шуданд»,-гуфт раиси вилоят.
Зимни нишасти матбуотӣ доир ба дастовардҳои соҳаи роҳдорӣ, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, сайёҳӣ ва кор бо занон ва оила сухан гуфта шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






