Дар Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд дар доираи омодагиҳо ба соли нави таҳсили 2025-2026 машварати корӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 04.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба соли нави таҳсили 2025-2026 дар Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд бо иштироки ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо роҳбарони воҳидҳои сохтории ин муассисаи таълимӣ машварати корӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Зимни машварат масъалаҳои муҳими марбут ба сатҳу сифати таҳсилот, тақвияти интизоми меҳнатӣ, баланд бардоштани нақши роҳбарон дар рушди муҳити илмӣ ва таълимии Донишкада, беҳтарсозии шароити моддию техникӣ, истифодаи самараноки захираҳо ва омодагии ҳамаҷониба ба оғози соли нави таҳсил мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Убайдулло Асрорзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба аҳамияти татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, бахусус баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон, гузаронидани ихтисосҳои донишкада аз аккредитатсияи байналмилалӣ, иштироки донишкада дар рейтинги байналмилалии «Донишгоҳҳои сабз», ҷалби омӯзгорон аз хориҷи кишвар, роҳандозии барномаҳои табодули академии донишҷӯён дар дохил ва хориҷи кишвар, ҷалби бештари донишҷӯён ба раванди таҳсил ва таҳкими робита бо муассисаҳои таълимии хориҷӣ ҷалб намуд.
Таъкид гардид, ки бояд тамоми воҳидҳои сохторӣ ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои омодагӣ ба соли нави таҳсил иқдомоти заруриро роҳандозӣ намоянд.
Дар анҷоми машварат барои тақвияти фаъолияти таълимӣ, илмию инноватсионӣ, тарбиявӣ ва робитаҳои байналмилалӣ роҳбарони воҳидҳои сохторӣ вазифадор карда шуданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон











Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






