Дар Хатлон масъалаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ баррасӣ карда шуданд
ДУШАНБЕ, 22.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар мавзуи «Ҳамкории милитсия бо аҳолӣ доир ба масъалаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва фаъолияти шуроҳои ҷамъиятӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин раёсат хабар доданд.
Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Шариф Назарзода доир ба роҳҳои баланд бардоштани ҳамкории милитсия бо ҷомеа изҳори андеша намуд. Иброз гардид, ки ҳадаф аз таъсиси шуроҳо ва фаъолияти онҳо таъмини амалишавии ислоҳоти милитсия мебошад.
Гуфта шуд, ки дар вохӯрӣ бо аъзои шуро ҳамкорӣ ва робитаи зичи милитсия бо ҷомеа, боварию эътимоди аҳолӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳамкорӣ бо он, иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ, алоқаи нозирони минтақавии милитсия бо сокинон ва ҷараёни хизматрасонии нуқтаҳои сайёри милитсия аз ҷониби шахсони масъул мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд.
Ҳадафи баргузории ҳамоиш аз тақвият бахшидани фаъолият, фароҳам овардани шароити кор барои аъзои шуроҳои ҷамъиятӣ ва нозирони минтақавӣ, пеш аз ҳама, ҳамкории мақомоти милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат буд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон








Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд






