Дар хоҷагии деҳқонии «Қалъача»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров навъи беҳамтои помидор парвариш карда мешавад

Август 6, 2025 11:40

ДУШАНБЕ, 06.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Хоҷагии деҳқонии «Қалъача»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дорои 2 гектар замини корам буда, аъзои он асосан ба кишту парвариши помидор ва бодиринги навъҳои серҳосил машғуланд. Аъзои хоҷагӣ беш аз 15 сол мешавад, ки ба парвариши навъи беҳамтои помидор — «Дили армуғонӣ» машғуланд, ки дар бозорҳои дохилии мамлакат талабгори зиёд дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки риояи қатъии қоидаҳои агротехникӣ, обу ғизодиҳии муназзам ва таҷрибаи ғании деҳқонон боиси фаровонҳосилии ин навъи маҳсулот гардид.

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар парвариш ва истеҳсоли сабзавоти хушсифат яке аз минтақаҳои пешсаф ба шумор меравад. Деҳқонони ноҳия барои ба даст овардани ҳосили баланд ва ғанӣ гардонидани бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти ватании хушсифат кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Чунин талошҳо на танҳо ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат мусоидат мекунанд, балки дар пешбурди иқтисодиёти миллӣ, фароҳам овардани ҷойи нави кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ низ нақши муҳим доранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 6, 2025 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид