Дар Хуҷанд Маҷмааи бисёрошёнаи «Темурмалик» бунёд карда мешавад

Август 31, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 31.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи истиқоматии бисёрошёнаи «Темурмалик» сохта мешавад. Бунёди ин иншоот бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва истифодаи таҷрибаи беҳтарини меъморӣ идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд.

Ҳангоми тарҳрезӣ ва сохтмон тамоми талаботи замон ва шароити мусоид барои сокинон ба назар гирифта шудааст. Дар маҷмаа на танҳо манзилҳои истиқоматӣ, балки инфрасохтори пурра барои зиндагӣ ва фароғати сокинон низ пешбинӣ карда шудааст. Аз ҷумла, ҳавзи шиноварии пӯшида, ҳаммом, толори фитнес, таваққуфгоҳи пӯшида, боғчаи кӯдакона, майдончаҳои бозии кӯдакон, мавзеи фароғати калонсолон ва ҷойи истироҳати аҳолӣ бунёд карда мешаванд. Ҳамин тавр, сокинони назди ин маҷмаа метавонанд тамоми ниёзҳои рӯзмарраи худро қонеъ созанд.

Масоҳати умумии маҷмаа 18 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Лоиҳа манзилҳои як, ду, се, чор ва панҷҳуҷрагиро фаро мегирад, ки масоҳаташон аз 50 то 330 метри мураббаъ аст. Дар маҷмуъ, ба сокинон 650 хонаи замонавӣ пешниҳод карда мешавад. Корҳои сохтмонӣ моҳи декабри соли 2024 оғоз ёфта, тибқи нақша, моҳи декабри соли 2030 ба анҷом мерасанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

Август 31, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд