Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 25.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба 43 нафар кӯдакону наврасони синни мактабӣ, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум шудаанд, либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Бо ёдоварӣ аз дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии роҳбарияти олии мамлакат иброз гардид, ки ятимону бепарасторон таҳти ҳимояи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, аз меҳрубонии падаронаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста бархӯрдоранд. Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати мамлакат табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, бахусус ятимону бепарасторон авлавият дошта, мавқеи хосро сазовор ҳастанд.
Роҳбарияти шаҳри Ҳисор ба кӯдакону наврасон фатҳи қуллаҳои дониш, таҳсили хуб ва интизоми намунавӣ таманно намуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






