Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 27.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расонидани кумак ба эҳтиёҷмандон ба 30 нафар хонандагони ятим ва аз оилаҳои ниёзманди шаҳри Конибодом либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом иттилоъ доданд.
Сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар меҳвари ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, аз солҳои нахустини соҳибистиқлолии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Имрӯз Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат расонидани кумакҳоро ба қишрҳои ниёзманди аҳолӣ, хусусан тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо дар меҳвари сиёсати инсондӯстона қарор дода, барои онҳо дар муассисаҳои олӣ ва касбӣ шароити арзандаи таҳсил фароҳам овардаанд. Ин имкон медиҳад, ки онҳо дар оянда соҳиби илму дониш гардида, ба Ватан содиқона хизмат намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






